Барои ҳимояи Ватани худ, ҷонамонро дареғ намедорем
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 16 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Сиёсат / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 1 072
Вақтҳои охир ҳамсоягони қирғизи мо бо ҳар гуна баҳона ба марзбонон ва сокинони наздисарҳадии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара халал ворид карда истодаанд. Субҳи 14 сентябр хабари такроран дахолат кардани қирғизҳо ба марзи Тоҷикистон дар сомонаҳои интернетӣ паҳн шуд. Ҳамчунин, дар ин миён, аз захмбардоштагон ва фавтиганон низ хабар доданд. Вале ин ҳодиса то ба андозае ором шуд. Мутаассифона, субҳи имрӯз хабари дигар расид, ки дуюмбора ба деҳаҳои наздисарҳадии шаҳри Исфара тир андохтаанд, ки боиси марги як сарбоз ва чанд захмӣ гардидааст.
Мо - мардуми Осиёи Миёна бояд бо ҳамдигар чун дӯсту бародар сар аз як гребон бароварда, дар баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми минтақа саҳмгузор бошем. Пеш аз ҳама рисолати асосии инсонӣ – фарҳанги ҳамсоядориро ба ҷо оварем. Дар таъмини равобити дипломатӣ, муносибатҳои байниҳамӣ ва ҳамкориҳои дутарафа бетараф набуда, барои таъмини сулҳу субот ва амнияти на танҳо кишвари худ, балки минтақа низ саҳми бориз гузорем.
Имрӯз хунеро ба замин рехтан, биноеро вайрон кардан ва оилаеро ноором кардан барои мардуми ҳар ду ҷониб низ зарбаи сахти рӯҳӣ аст. Мардуми сарбаланди тоҷик маззаи талхи ҷангро чашидааст ва намехоҳад, ки дуюмбора он рӯзҳои вазнин ба сарашон ояд, вагарна ҷавоби ҷангро бо ҷанг додан низ кори осон аст.
Ман, ҳамчун як ҷавон, бо итминон мегӯям, ки барои ҳимояи марзу буми Тоҷикистони азизи хеш омода ҳастам ва боварии комил дорам, ки дар ин ҳаводис ҳеҷ як шаҳрванди баруманди кишвар бетараф нест. Барои ҳимояи Ватани худ, ҷонамонро дареғ намедорем!
Ҷасури ҚИЁМИДДИН
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...