СУЛҲПАРВАРӢ МАРОМИ ХАЛҚИ ТОҶИК АСТ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 16 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 570
Ба оламиён хеле маълум аст, ки сулҳпарварӣ, ваҳдатсолорӣ аз давраҳои хеле дури таърихи яке аз арзишҳои волотарини халқу миллати тоҷик ба шумор меравад. Ҳамаи ин аз он шаҳодат медиҳад, ки халқи тоҷик дар таърих ҳамчун халқи сулҳпарвару тамадунофар ва бунёдкору созанда шинохта шудааст.
Сулҳпарварӣ, арзишҳои миллӣ, озодӣ, ҳуввияти миллии халқи куҳанбунёд ва тамаддунпарвари тоҷик буда, бигзор он садсолаҳо боқӣ монад ва дар зери осмони софу беғубори кишвари азизамон то абад поянда бошад. Таърих гувоҳ аст, ки халқи тоҷик сарҳади кишвареро бо мақсади ғасб ва ба даст овардани сарвату боигарӣ лашкар накашидааст. Ҳамаи ин арзишҳо ҷавҳари ҳуввияти халқи кишвари тоҷикро ташкил медиҳад.
Бақои ҳар халқу миллат ба давлатдорӣ, соҳибистиқлолӣ, худшиносӣ, ҳифзу нигаҳдории арзишҳои миллии он дар даврони гуногуни таърихӣ робитаи ногусастанӣ дорад.
Парчами давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун рамзи бахту саодат, сарсабзию хуррамӣ ва сарбаландии миллату давлати тоҷикон, мақсаду ҳадафҳои созандаи ин миллати тамаддунофарро дар баландтарин минбару қасрҳои минтақавию байналхалқӣ ҷилвагар аст, ки ин боиси ифтихори мо мебошад.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва муносибатҳои пуртаззоди сиёсӣ ҳамон миллате манфиатҳои худро ҳимоя карда метавонад, ки Пешвои худро дошта бошад, ҳамдилу ҳамақида бошанд ва бо ӯ баҳри амалигардонии идеяи ягонаи миллӣ қадам ниҳанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гузаштан аз марҳалаи аввали пас аз истиқлол, ки даврони ба эътидол овардани вазъият ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ буд, дарҳои худро ба рӯи кишварҳои олам боз кард ва бо эълони “сиёсати дарҳои боз” равобити байналмилиро густариш дод.
Ин мисраҳои шеъри тақвиятбахши гуфтаҳои болост.
Шукри Истиқлолу сарвар мекунем,
Шукри ободии кишвар мекунем.
Шукри он зоте, ки моро ҳаст кард,
Шукри бому хонаву дар мекунем.
Давлати мо давлати сулҳофар аст,
Давлати озод дар баҳру бар аст.
Таъкидҳои сулҳпарваронаи Сарвари давлатамон ҳар яки моро водор менамояд, ки тибқи дастурҳои Президенти кишвар амал намуда, танҳо бо меҳнати ҳалолу созанда, таҳсили аъло, интизоми намунавӣ ба дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, сулҳу ваҳдат, рушди бемайлони тамоми соҳаҳои ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маъданиву маърифатӣ ва муҳофизати Ватани азиз саҳмгузор бошем.
Хулоса, мо мардуми тоқик ва қирғизро ба сулҳу салоҳ даъват намуда ба ободкорию гулгушукуфоии ҳар ду кишвар муваффақиятҳоро хоҳонем. Сулҳ таҷассумгари шодию нишот, ҳамдигарфаҳмӣ, озодихоҳию ватандӯстист. Бигзор сулҳу салоҳ барои ҳарду кишвари дусту бародар абадӣ бошад.
Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,
Душмани орад ба мардум рӯзи сахт.
Фариддун Холмуродзода,
омӯзгори факултети педагогика ва варзиш
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...