Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Эҳтироми ҳамсоягиро пос дорем


Эҳтироми ҳамсоягиро пос дорем



Сарҳад дар қатори миллат, забон ва арзишҳои миллӣ нишонаи муҳим ва муқаддаси соҳибистиқлолии кишвар мебошад. Давлат ҳамон вақт ҳимоя мешавад, ки агар сарҳади мустаҳакам ва сарҳадбони боэътимод дошта бошад. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар суханрониҳояшон пайваста таъкид медоранд, ки ҳимояи давлат аз ҳимояи сарҳадоти он вобастагӣ дорад. Ба ин хотир, наврасону ҷавонони бонангу номуси диёр дар рӯҳияи ватанпарастиву инсондӯстӣ ба камол расида, бо ҷасорату мардонагӣ ва нангу номуси ватандорӣ сарҳади кишварро ҳимоя доранд.

Ноором шудани вазъ дар қисми шимолии сарҳади Тоҷикистон бо кишвари ҳамсоя – Қирғизистон боиси нигаронии хурду бузурги Тоҷикистон гардид. Тамоми қишрҳои ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол муҳимияти сарҳадот ва арзишҳои милливу давлатиро хуб медонанд. Ин аст, ки доиман омода будани худро канори сарҳадбонон ва нерубахшиданро ба онҳо нишон медиҳанд.

Таърих гувоҳ аст, ки миллати тоҷик ҳеҷ вақт боиси сар задани низоъ набуду намешавад.

Шояд таҳаммулпазириву сулҳпарастии мо - тоҷиконро мушоҳида намуда, қирғизҳо зуд – зуд оромии сарҳадро вайрон карда, сӯйи мардуми одӣ ва сарҳадбонон тирпаронӣ мекунанд. Дар натиҷа нафарони бегона маҷрӯҳ шудаву ҳалок мегарданд.

Мо ин амали ноҷавонмардонаро маҳкум намуда, онҳоро ба сулҳу оромӣ даъват мекунем. Ҷангу хунрезӣ кори душман аст. Мо - ҳамсояҳо бояд аҳлу тифоқ бошем, на душман.

Шермардони тоҷик омодаанд, ки барои ҳифзи ватан ҷон фидо кунанд. Вале, мардуми сарбаланди тоҷик натиҷаи ҷанг ва бадбахтиҳои онро хуб медонанд. аз ин лиҳоз, аксаран эҳтироми ҳамсояву ҳамсоядорӣ ва эмин будан аз ҷангро тарафдорӣ мекунанд.

Итминон дорем, ки садои мо - ҷавонони Хатлонзамин барои мардуми қирғиз як садои гӯшрасу ҳушёрсозанда хоҳад буд!

С. АЗИЗЗОДА

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода