Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ФОРУМИ БАЙНИМИНТАҚАВИИ СОҲИБКОРОНИ ХАТЛОНУ ГАЗИАНТЕП БАРГУЗОР ГАРДИД


ФОРУМИ БАЙНИМИНТАҚАВИИ СОҲИБКОРОНИ ХАТЛОНУ ГАЗИАНТЕП БАРГУЗОР ГАРДИД



Дар шаҳри Газиантепи Туркия Форуми байниминтақавии соҳибкорони вилояти Хатлони Тоҷикистон ва Газиантепи Туркия баргузор гардид.

Дар маросими ифтитоҳи форум роҳбарияти шаҳри Газиантеп, Палатаи савдои Газиантеп Меҳмет Тунҷай Йилдирим, сафири Тоҷикистон дар Анқара Ашраф Гулов, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода доир ба имкониятҳои сармоягузорӣ, ҳамкорӣ дар самти рушди саноат, зарфиятҳои иқтисодии музофотҳои ҳар ду кишвар суханронӣ карданд. 

Раииси вилоят Қурбон Ҳакимзода ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид ва дар сатҳи баланд ташкилу баргузор намудани Форуми байниминтақавии соҳибкорони вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Газиантепи Ҷумҳурии Туркия, ба кумитаи тадорукот, роҳбарияти вилоят ва шаҳри Газиантеп арзи сипос намуд. Қайд гардид, ки дар рушди ҳамкории иқтисодӣ миёни ду кишвар Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ нақши муҳим дорад ва то имрӯз 11 нишасти Комиссия дар Душанбе ва Анқара баргузор гардидааст. 

Ба ҳамин шакл баргузории Бизнес-форум ва намоишу вохӯриҳои иқтисодӣ боис ба он гардидааст, ки ҳамасола сарчашмаҳои нави ҳамкорӣ миёни ҳарду ҷониб мавриди истифода қарор гирад. 

Аз ҷумла, ҷалби сармояи Туркия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон  афзоиш ёфта, нақши соҳибкорони ин кишвар бо истифода аз фазои муосиди сармоягузории Тоҷикистон дар амалисозии тарҳҳои муштараки роҳсозӣ, сохтмон, меъморӣ, саноат ва тандурустӣ зиёд гардида истодааст. 

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода зикр кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирӣ ва ҷалби сармоя шароити мусоид фароҳам овардаву минтақаҳои озоди иқтисодӣ ташкил намудааст, инчунин аз имтиёзҳои андозиву гумрукӣ низ онҳо бархӯрдоранд.

Чунин имконотро сармоягузорони Ҷумҳурии Туркия дар доираи сиёсати сарони ҳарду давлат самаранок истифода мебаранд.
Қурбоналӣ Қурбонзода, сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Хатлон, дар форум имкониятҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва сайёҳии вилоятро рӯнамоӣ кард.

Пас аз қисмати ифтитоҳии Форуми байниминтақавӣ миёни доираи соҳибкорони вилояти Хатлон ва Газиантеп мулоқотҳои инфиродӣ (В2В) барпо гардида, як қатор санадҳои ҳамкорӣ ва ёддоштҳои тафоҳум ба имзо расиданд.

Ёдовар мешавем, ки ҳайати вилояти Хатлон бо мақсади шиносоӣ бо дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ, рушди саноати сабук ва хӯрокворӣ, ҳунармандӣ, инчунин рушди минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак ва ҷалби сармояи туркӣ ба иқтисоди вилояти Хатлон ба Ҷумҳурии Туркия сафар кардааст.

Носирҷон Маъмурзода

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода