Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Сафари кории Сарвазири мамлакат ба вилояти Хатлон


Сафари кории Сарвазири мамлакат ба вилояти Хатлон



Дирӯз, 6 сентябр, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо сафари корӣ ба шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ташриф оварда,  дар маросими ифтитоҳи якчанд иншооти ҷашнӣ иштирок ва аз рафти корҳои ободониву бунёдкорӣ дидан намуданд. Дар ин сафар Сарвазири мамлакатро раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҳамроҳӣ карданд.


Дар ноҳияи Темурмалик бо иштироки Қоҳир Расулзода ва Қурбон Ҳакимзода маросими ифтитоҳи бинои муассисаи таълимии №18, бо 14 синфхона барои 480 нафар хонанда дар ду баст, баргузор гардид. Бунёди ин таълимгоҳ дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, барои сохтмонаш 2 миллиону 600 ҳазор сомонӣ сарф гардидааст.

Иттилоъ дода шуд, ки барои дар сатҳи баланд роҳандозӣ намудани таълиму тарбия аз ҳисоби буҷаи ноҳия 26 воҳиди корӣ ҷудо карда шудааст, ки аз ин 7 воҳиди корӣ барои кормандони техникӣ, боқимонда барои омӯзгорони фаннӣ ва маъмурият мебошад.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ифтитоҳи ин муассисаи таълимиро туҳфаи арзандаи Ҳукумати кишвар ба муносибати ҷашни Истиқлоли давлатӣ арзёбӣ намуда, ба устодону шогирдони ин боргоҳи маърифат дар кори омӯзишу парвариш комёбӣ таманно карданд.

Дар идомаи сафар Сарвазири мамлакат ва раиси вилояти Хатлон дар деҳаи Танобчӣ дар расми ифтитоҳи бинои муассисаи таълимии томактабӣ барои 80 нафар кӯдак ширкат варзиданд.

Бинои кӯдакистон аз 3 ошёна иборат буда, дорои 23 ҳуҷра барои хобу фароғат, бозии кӯдакон, машғулиятгузаронӣ ва корӣ мебошад. Ба Сарвазири мамлакат маълумот доданд, ки муассиса 72 нафар кӯдаконро ба тарбия фаро гирифта, 10 нафар маъмурону мураббияҳо ва дигар кормандон бо кори доимии музднок таъмин мешаванд.

Қоҳир Расулзода ва Қурбон Ҳакимзода ба соҳибкори ватандӯсту саховатпеша Бахтиёр Абдуллоев, ки ба қадри 2 миллиону 300 ҳазор сомонӣ кӯдакистонро бунёд ва ҳамчун арғумон ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба хурдсолон тақдим кардааст, миннатдорӣ баён намуданд. Бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода дар деҳаи Танобчии ноҳияи Темурмалик бунгоҳи тиббии дорои 6 утоқи корӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Қайд гардид, ки дар бунёди бунгоҳи тиббӣ соҳибкори ватанӣ Раҳмоналӣ Олимов иқдом нишон дода, онро бо сарфи 850 ҳазор сомонӣ бо тарҳи наву замонавӣ сохтааст.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо ҳамроҳии раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода рӯзи 6 сентябр дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Восеъ бо ҷараёни татбиқи Лоиҳаи таҷдид ва азнавсозии роҳи автомобилгарди Ҳулбук-Темурмалик-Кангурт, марҳилаи 1 ва 2, шинос гардиданд. Ҳадафи лоиҳа ба стандартҳои ҷаҳонӣ расонидани ҳолати қитъаи роҳи байналхалқӣ, таъмин намудани зудҳаракатӣ ва таъмини ҷойҳои нави корӣ дар давраи татбиқи лоиҳа арзёбӣ мешавад.

Қоҳир Расулзода ба ширкатҳои масъули татбиқи лоиҳа ҷиҳати истифодаи пурсамари захираҳо ва бо сифати баланду дар муҳлати муайяншуда ба иҷро расонидани он дастур доданд.

Дар ноҳияи Восеъ бо иштироки Сарвазири мамлакат ва раиси вилояти Хатлон майдончаи варзишии замонавӣ мавриди истифодаи умум қарор дода шуд. Майдончаи варзишии замонавӣ, воқеъ дар деҳаи Арали Ҷамоати деҳоти ба номи М.Маҳмадалиев, бо усули муосири меъморӣ бо ташаббуси соҳибкори ватанӣ Мирзоалиев Сайалӣ бо маблағи 400 ҳазор сомонӣ бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир сохта шудааст.

Нимаи дуюми рӯзи 6 сентябр Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар маросими ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №43 иштирок намуданд.

Ба Сарвазири мамлакат иттилоъ доданд, ки масоҳати умумии бино 1,44 гектарро ташкил дода, бо маблағгузории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 5 миллион сомонӣ барои 480 нафар дар ду баст сохта шудааст. Бино дуқабата буда, аз 10 синфхонаи таълимӣ, 4 кабинети фаннӣ, 2 лаборатория ва 2 ҳуҷраи корӣ иборат аст.

Қоҳир Расулзода омӯзгорон, шогирдон ва волидони онҳоро ба муносибати оғози соли нави таҳсил, ифтитоҳи таълимгоҳи нав ва 31-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ шодбош гуфтанд.

Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба беҳдошти вазъи роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявидошта ва роҳҳои аҳамияти маҳаллӣ низ аҳамияти зарурӣ дода мешавад. Дар ҷараёни сафари кории Сарвазири мамлакат 3,37 километр роҳи мумфаршшудаи байни деҳаи Меҳнатободи Ҷамоати деҳоти “Меҳнатобод” ва деҳаи Гулистони Ҷамоати деҳоти “Қаҳрамон” мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Корҳои сохтмонӣ дар роҳи мазкур моҳи июли соли ҷорӣ аз тарафи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, дар ҳаҷми 2,9 миллион сомонӣ корҳои азнавсозӣ пурра ба анҷом расонида шуд. Иттилоъ дода шуд, ки дар масофаи зикргардидаи роҳ аз тарафи Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия 13 адад аломати роҳ насб гардида, 2 кӯпрук аз таъмири асосӣ бароварда шуд. 

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҳамзамон аз парвариши зироатҳо, ҳолати самаранок истифода гардидани замин, ҷамъоварии ҳосили зироатҳо дар хоҷагии деҳқонии «Одина Рашид» дидан намуданд. 18 нафар саҳмдорони хоҷагӣ аз аввали мавсим дар майдони 1,5 гектар ғалладона, 0,10 га картошка ва 0,10 га помидор кишт намудаанд. Аз майдони умумии ғаллазор хоҷагӣ ба ҳисоби миёна ба миқдори 47-сентнерӣ ҳосил рӯёнид. Баъди ҷамъоварии ҳосили якум хоҷагӣ дар майдони 2 гектар кишти ҷуворимаккаи дон ва дар майдони 0,5 гектар кишти барвақтии пиёзро ба роҳ монд. Тавре мушоҳида шуд, майдони пахтазори хоҷагӣ дар ҳолати хуби агротехникӣ қарор дошта, хоҷагидорон мақсад доранд, ки ҳосилнокиро аз ҳар як гектар то ба 40-сентнерӣ расонанд.

Дар ҷараёни сафари кории Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар маркази ноҳияи Ҳамадонӣ ҳамчунин Маркази хизматрасонӣ ва савдо, коргоҳи консервабарорӣ бо иқтидори истеҳсолии аз 16000 то 20000 қуттии шартӣ дар як моҳ ифтитоҳ гардиданд.

Сафари кории Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода имрӯз, 7 сентябр, дар ноҳияи Данғара, шаҳри Бохтар, ноҳияҳои Кӯшониёну Хуросон идома хоҳад кард.

Н. Маъмурзода, “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода