НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИИ МАМЛАКА Т
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 07 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Президент / Хабарҳо, Боздид 904
Таъмини амнияти озуқаворӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои афзалиятдори стратегии Тоҷикистон маҳсуб гардида, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оғози соҳибистиқлолии мамлакат масъалаи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти сифатан баланди ғизоӣ ва бехатарии озуқавориро вазифаи муҳими Ҳукумати кишвар муқаррар намуда буданд. Таърихи навини давлатдории тоҷиконро бе заҳмату талош, хизматҳои арзандаву шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасаввур кардан имконнопазир аст. Бояд эътироф намуд, ки ба зимма гирифтани масъулият ба кори давлатдориву давлатсозӣ дар он давра, дар ҷойи хушку холӣ, бе заминаҳои муайяни устувори молиявию моддӣ, иқтисодиёти фалаҷгашта саҳлу осон набуд. Танҳо нафаре метавонист дар ин корҳо дастболо шавад, ки бо дарки баланди ҳувияти миллӣ тамоми ҳастиву вуҷуди хешро ба миллату сарзамини хеш фидо кунад.
Аз таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол огоҳем, ки бар асари ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ давоми солҳои 1991-1997 таъмини рушди соҳаи кишоварзӣ – яке аз бахшҳои пешбарандаи иқтисодиёти мамлакат имконнопазир буд. Аз ин ҷост, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ин давра ду маротиба коҳиш ёфта буд.
Дар ин марҳилаи таърихӣ ба Тоҷикистон ва мардуми он қаҳтиву гуруснагӣ ва нооромии ҳамешагию парокандагӣ таҳдид менамуд. Ҳамаи инро дар мисоли аксар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон баръало мушоҳида кардан мумкин буд. Дар он давра манзараҳои ҳузнангез, садҳо хонаҳои сӯхтаву вайрону валангор, коргоҳу корхонаҳои истеҳсолии аз фаъолият бозмонда дар шаҳрҳои Бохтару Левакант, ноҳияҳои Кӯшониёну Вахш, Дӯстиву Ҷайҳун, Қубодиёну Шаҳритус ба чашм мерасид. Дар ин давра натанҳо корхонаву коргоҳҳои саноатии шаҳру ноҳияҳои вилоят, балки муассисаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла мактабу муассисаҳои тандурустӣ аз фаъолият боз монда буданд.
Дар чунин вазъияте, ки мардум ба кӯи ноумедӣ афтода, аз зиндагии орому осуда дил шуста буд, бо душвории зиёд моҳи ноябри соли 1992 Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Яке аз масъалаҳои асосии ҷаласаи ин Шӯро интихоб намудани ҳайати нави Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Дар ҳамин ҷаласа сиёсатмадори дурандеш ва нотарсу матинирода муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, тавонист, ки ба дили аксари аҳолии Тоҷикистон роҳ ёбад ва онҳоро ба якдигарфаҳмиву худшиносӣ, ваҳдату ягонагӣ ва баробариву бародарӣ даъват намояд.
Моҳи сентябри соли 1993 Сарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хитобияи худ ба унвонии мутахассисони комплекси агросаноатӣ, мақомоти роҳбарии вазоратҳо, идораҳо ва муассисаҳои ҷумҳурӣ, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, фаъолон ва ҳамаи сокинони шаҳру деҳоти Тоҷикистон гуфта буданд, ки акнун дар таърихи Ватани мо марҳалаи нав шуруъ мешавад, ки онро мухтасар марҳалаи ба эътидол овардани вазъияти хоҷагидорӣ ва ҳарчӣ зудтар раҳо ёфтан аз буҳрони азими иқтисодӣ номидан мумкин аст. Ин марҳала марҳалаи боз ҳам душвортару меҳнатталаб буда, аз ҳамаи мо сабру таҳаммул ва фидокории ватандӯстонаро талаб мекунад.
“Имрӯз ҳамаи мо бояд дар фикри захира кардани хӯрокворӣ барои зимистон ва бе каму кост ғундоштани ҳосили зироатҳои хоҷагии қишлоқ бошем. Одатан дар мавсими ҷамъоварии ҳосил халқи мо аз гузаронидани маъракаҳои пурдабдаба худдорӣ мекунад. Биёед, аввал ҳосилро ҷамъ оварда, баъд тӯю тамошо ташкил кунем...
Беталаф ҷамъ овардани ҳосили парвардаи имсола ва замина гузоштан барои ҳосили оянда яке аз шартҳои муайянкунандаи пойдорию иқтидорнокӣ ва мустақилии давлати тозабунёди мо - Тоҷикистони азиз мебошад. Аз ин рӯ, ҷойи ҳар як ватандӯст, ки барояш мустақилият ва дастнигар набудани Ватанаш гиромист, дар саҳрост. Бояд фаромӯш накард, ки сарнавишти кишвари мо дар дасти худамон аст” (Эмомалӣ Раҳмон. Тоҷикистон: даҳ соли истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва бунёдкорӣ, ҷилди 1. - Душанбе, 2001. - саҳ. 135-140).
Дар ҳақиқат, ҳамон вақт кам касе бовар дошт, ки мамлакати қариб фалаҷш уда ва талаву тороҷгардида, давлати бо иғ вои якчанд нафари худбохтаи кинадор ба хатари парокандагӣ дучоромада, аз сари нав рӯ ба рушд меоварад. Вале ғайри чашм дошти нотавонбин он бо кӯшишҳои пай дар пайи Пешвои муаззами ми ллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон байни гурӯҳҳои мухталиф якдигарфаҳмӣ ба амал омад ва дар Тоҷикистони азиз ваҳдати миллӣ барқарор гардид.
Баробари пойдор гардидани сулҳу амонӣ ва тинҷиву осудагӣ вазъи сиёсиву иқтисодии мамлакат низ рӯз ба рӯз беҳтар шудан гирифт, гурезаҳо, ки аксарашон дар хоки Ҷумҳурии Афғонистон паноҳ бурда буданд, ба Ватан баргаштанд. Хонаҳои худро барқарору обод ва рӯзгорашонро пеш бурданд.
Бо дастури Пешвои миллат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири таъмини амнияти озуқавории кишвар тадбирҳои гуногун, аз ҷумла ба гардиши кишоварзӣ ворид сохтани заминҳои бекорхобида, беҳтар кардани ҳолати мелиоративии заминҳо, зиёд намудани майдони боғу токзорро амалӣ намуда, қарзи хоҷагиҳои деҳқониро ҳаллу фасл кард. Дар навбати аввал Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ислоҳоти замин” қабул гардида, дар асоси он марҳилаи якуми ба деҳқонон ҷудо кардани заминҳои минтақаҳои кӯҳистон ва наздикӯҳӣ оғоз гардид.
Сарвари мамлакат пайваста таъкид мекарданд, ки соҳаи кишоварзӣ яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди миллӣ ба ҳисоб рафта, яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар – таъмини амнияти озуқаворӣ маҳз ба пешрафти соҳаи мазкур вобастагӣ дорад. Барои ба ин ҳадаф расидан тамоми аҳли заҳмат бояд дастбакор шаванд. Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 октябри соли 1995 ва 1 декабри соли 1997 аввал 50 ҳазор гектар ва пасон 25 ҳазор гектар, ҷамъ 75 ҳазор гектар замин барои истифода ба аҳолии деҳот тақсим карда шуд, ки ин заминҳоро мардум “замини президентӣ” ном мебаранд. Ин иқдоми Пешвои миллат барои таъмини аҳолӣ бо маводи озуқаворӣ махсусан нақши калидӣ ва таърихӣ бозидааст.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар машварати умумиҷумҳуриявӣ оид ба тезонидани ислоҳоти иқтисодӣ дар комплекси агросаноатӣ, моҳи октябри соли 1995 бо таъкид ба он ки Ҳукумати ҷумҳурӣ роҳи дигаргунсозии қатъии муносибат ба заминро пеш гирифтааст, ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистонро аз бисёр ҷиҳат ба чигунагии муносибат ба замин вобаста донистанд. Ба андешаи Пешвои миллат, “ислоҳоти замин моҳияти инқилобӣ дорад. Он вобастагӣ ва дастнигар будани ҳар кадом шахсро аз давлат барҳам медиҳад. Деҳқон фақат дар сурате худро озод ва мустақил ҳис мекунад, ки воқеан ҳам худаш соҳиби замин бошад ва бо меҳнати ҳалоли худ аз он фоида ба даст орад”.
Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон панҷ пайомади мусбати ислоҳоти замин дар Тоҷикистонро дар сурати истифодаи дурусту оқилона номбар кардаанд:
1. Масъалаи бекорӣ ва ба меҳнати фоиданоки ҷамъиятӣ ҷалб намудани аҳолии бекор ҳал мешавад.
2. Кафолати иҷтимоии сокинони деҳот таъмин мегардад.
3. Масъалаи таъминоти аҳолӣ бо хӯрокворӣ то андозае ҳалли худро меёбад.
4. Ба ривоҷи сохтмони манзили шахсӣ дар деҳот такони муассир бахшида мешавад.
5. Ба василаи ҷалб кардани мардум ба меҳнати фоиданок ва обод сохтани рӯзгори худ суботи иҷтимоию сиёсиро дар ҷумҳурӣ мустаҳкам карда, пеши роҳи ҷинояткорӣ ва дигар зуҳуроти манфиро дар ҷомеа гирифтан имконпазир мегардад.
Ба таъкиди Сарвари давлат, дар ислоҳоти замин меъёри асосии муайянкунанда чунин аст: замин бояд ба касе дода шавад, ки дар он кор карда, фоида гирифта метавонад ва дар баробари ин ба замин зиён намерасонад.
Ҳамчунин, ҷиҳати гузаронидани ислоҳоти соҳа Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 1996, таҳти №522 оид ба ислоҳоти куллӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба тасвиб расида, дар заминаи колхозу совхозҳо ташкил намудани хоҷагиҳои деҳқонӣ оғоз гардид.
Ҳамин тавр, дар соҳаи кишоварзӣ ҷиҳати истифодаи самараноки обу замин ва ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат бори аввал дар таърихи давлати соҳибихтиёрамон ислоҳоти куллӣ гузаронида шуда, истифодаи замин ба соҳиби аслии он – деҳқон вогузор гардид, ки яке аз дастовардҳои муҳимтарини даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад.
Дар ин давра барои таъмини амнияти озуқаворӣ бо дарназардошти афзоиши аҳолии кишвар ва зиёд гардидани талабот ба маҳсулоти кишоварзӣ ба гардиши кишоварзӣ зиёда аз 54 ҳазор гектар заминҳои нав ворид гардида, ҳамзамон ба ин ҳамасола қариб дар майдони 200 ҳазор гектар кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ амалӣ шуда истодааст, ки аз истифодаи самараноку оқилонаи заминҳо дарак медиҳад.
Ғайр аз ин, маврид ба қайд аст, ки агар давоми 70 соли то замони истиқлол барои бунёди манзили истиқоматӣ ҳамагӣ ба 530 ҳазор оила 77 ҳазор гектар замин дода шуда бошад, пас дар давраи Истиқлол танҳо давоми бист соли охир 138 ҳазор гектар замин, аз ҷумла 52 ҳазор гектар аз ҳисоби заминҳои обӣ ба 1 миллиону 400 ҳазор оила барои бунёди манзили истиқоматӣ ҷудо гардидааст, ки дар натиҷа зиёда аз 8,8 млн. нафар аҳолии кишвар имконияти беҳсозии шароити истиқоматии худро пайдо намуданд.
Таъмини озуқавории кишвар ҳадафи стратегии давлат ба шумор рафта, дар чорчӯбаи он корҳои зиёд амалӣ гардида истодаанд. Аз ҷумла, дар вилояти Хатлон истеҳсоли маҳсулоти соҳаи кишварзӣ сол ба сол афзоиш ёфта, садҳо гектар боғҳои нав бунёд гардиданд, даҳҳо коргоҳҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ бунёду ба истифода дода шуданд.
Мавриди зикр аст, ки айни замон соҳаи кишоварзӣ то 25 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилиро таъмин намуда, баҳри таъмини босубот ва мутаносиби аҳолии кишвар бо озуқаворӣ тавассути афзоиши мунтазам ва устувори истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, баланд бардоштани сатҳи даромаднокӣ ва таъмини шуғли аҳолӣ, инчунин ҳифзи захираҳои табиӣ, ки барои тавсеаи такрористеҳсолкунӣ зарур аст, мусоидат менамояд.
Дар натиҷаи баланд шудани маданияти истифодаи замин афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон таъмин гардида, аз 11 миллиарди соли 1992 ба 40 миллиард сомонӣ дар соли 2021 расонида шуд, ки қариб 4 баробар афзоиш ёфт.
Аз ҷумла, ҳаҷми истеҳсоли ғалладонагиҳо дар ҷумҳурӣ агар соли 1991 –ум ҳамагӣ 292 ҳазор тонна истеҳсол гардида бошад, пас ин нишондод дар соли 2021-ум 1 миллиону 587 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, ки ҳаҷми афзоиш 5,4 маротиба афзудааст. Ҳамчунин, ҳосилнокии зироатҳои ғалладонагиҳо низ дар ин давра наздик 3 маротиба баланд гардид.
Танҳо дар вилояти Хатлон дар зарфи 30 соли охир ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ аз 3,7 миллиард сомонии соли 1991 то ба 20,7 миллиард сомонӣ дар соли 2021 афоиш ёфтааст. Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли ғалладонагиҳо аз 131 ҳазору 44 тонна то ба 1 миллиону 32 ҳазору 680 тонна расидааст. Аз он ҷумла, дар вилоят соли 1991 агар 238 ҳазору 61 тонна гандум истеҳсол шуда бошад, дар соли 2021-ум ин нишондиҳанда ба 610 ҳазору 569 тонна баробар шудааст. Ин омил аз он шаҳодат медиҳад, ки бо истифодаи оқилонаи заминҳои корами обӣ ва ба роҳ мондани кишти такрории зироатҳо бо истифодаи тухмиҳои хушсифат ва риояи дурусти парвариши агротехникии зироатҳои кишоварзӣ таъмини аҳолии ҷумҳурӣ бо маводи озуқа имконпазир мегардад. Ҳосилнокии миёнаи ғалладона аз 15,0 сентнери соли 1991 ба 38,4 сентнер дар соли 2021 расонида шуд.
Ҳамин тавр, дар 30 соли охир ба ҳисоби миёна ба 1 сари аҳолӣ истеҳсоли мевагӣ 13,9 маротиба, сабзавот 12,7 маротиба, картошка 12,2 маротиба, полезӣ 9,4 баробар, ғалладонагиҳо 4,3 маротиба, аз ҷумла гандум 139 %, шолӣ 133 %, лӯбиёгиҳо 181,6%, ангур 148,9%, гӯшт 180,2%, тухм 183,8%, асал 3,3 баробар афзун гардидааст.
Дар давраи солҳои 1991-2021 бо дастгирӣ ва роҳнамоиҳои Пешвои миллат, дар вилояти Хатлон истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ ва гирифтани се-чор ҳосил аз як замин таъмин гардида, майдони кишти гандум 2,1 маротиба, шолӣ 1,9 маротиба, ҷуворимакка барои дон 2,7 маротиба, картошка 3,7 маротиба, сабзавот 3,5 маротиба ва полезӣ 2,1 маротиба зиёд гардида, истеҳсоли ғалладона 7,9 маротиба, аз ҷумла гандум 2,6 маротиба, шолӣ 15,8 маротиба, картошка 22,6 маротиба, сабзавот 23,4 маротиба, полезӣ 17,4 маротиба, мева 25,6 маротиба, ангур 2,8 маротиба ва ҳосилнокии онҳо аз 23,3 фоиз то 4,3 маротиба афзоиш ёфтааст.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳамасола хоҷагиҳои кишоварзии вилоят аз 12 ҳазор гектар то 18,0 ҳазор гектар заминҳои байни боғу токзорҳо, партов, чарогоҳҳое, ки имконияти кишт намуданро доштанд, заминҳое, ки зери корҳои мелиоративӣ қарор доранд, самаранок истифода бурда, фаровонии бозори стеъмолиро таъмин намуда, ҷиҳати муътадил нигоҳ доштани нарх дар бозорҳои вилоят ва ҷумҳурӣ саҳми босазои худро гузошта истодаанд.
Кишоварзони вилоят ба кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ сол аз сол диққати ҷиддӣ дода, кишти онро аз 50 ҳазор гектар оғоз намуда, то ба 130,6 ҳазор гектар расонида, аз ин ҳисоб маҳсулоти иловагӣ ба даст оварданд.
Ғайр аз ин, дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории вилоят майдони гармхонаҳои доимоамалкунанда ба 56,7 гектар ва мавсимӣ ба 737,7 гектар расонида шуда, аз ин ҳисоб иловаатан 34,5 ҳазор тонна сабзавоти барвақтӣ истеҳсол карда мешавад.
Дар доираи Барномаҳои қабулгардидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ майдони боғу токзорҳо ба 60 ҳазор гектар расонида шудааст, ки аз он 366 гектарашро боғҳои интенсивӣ ташкил медиҳад. Ҷиҳати нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ, захира намудани маҳсулот ва таъмини бозори истеъмолӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 46 адад анборҳо бо иқтидори 5547 тонна ва 55 адад сардхона бо иқтидори 20 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ барои захираи маводи аввалияи ғизоӣ омода мебошанд.
Дар соҳаи чорводорӣ низ дар 30 соли Истиқлол нишондиҳандаҳо назаррас арзёбӣ гардиданд. Дар натиҷаи меҳнати самарабахши чорводорон саршумори чорвои калону майда, паранда, асп ва оилаи занбӯри асал аз 1,7 то 2,5 маротиба ва истеҳсоли маҳсулоти соҳа аз қабили гӯшт, шир, тухм, пашм ва асал аз 2 то 6 маротиба афзоиш ёфтааст.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди соҳаи моҳипарварӣ диққати махсус зоҳир гардида, теъдоди хоҷагиҳои моҳипарварӣ аз 3 адад ба 261 адад расонида шуда, масоҳати кӯлу ҳавзҳо аз 1415 ба 2563 гектар ва истеҳсоли моҳӣ аз 462 ба 3303 тонна расонида шуд, ки 7,1 маротиба зиёд мебошад.
Ба рушди соҳаи парандапарварӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, теъдоди фабрикаҳои парандапарварӣ аз 7 адад то ба 24 адад, саршумори паранда аз 896,3 ҳазор сар ба 2,3 млн сар, истеҳсоли тухм аз 32 ҳазор дона ба 108,6 млн. дона ва истеҳсоли гӯшти паранда дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 13,3 ҳазор тонна расонида шуд.
Маҳз ҳидояту роҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар натиҷаи ба роҳ мондани истифодаи самараноку оқилонаи заминҳо, зиёд намудани саршумори чорво ва баланд бардоштани маҳсулнокии он кишоварзони вилоят тавонистанд, дар таъмини яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар - таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми босазои худро гузоранд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ барои оилаҳои эҳтиёҷманд, сокинони вилояти Хатлон зиёда аз 11 ҳазор гектар қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардида, наздики 90 ҳазор нафар эҳтиёҷмандон соҳиби қитъаи замини наздиҳавлигӣ гардиданд. Аз ин шумора зиёда аз 10 ҳазор нафарашон мутахассисон ва оилаҳои ҷавон буданд. Қобили қайд аст, ки зиёда аз 6 ҳазор гектари ин заминҳо самаранок ва мақсаднок истифода бурда шуда, барои таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоӣ мусоидат намуд.
Бо ташаббус ва дастгирии Пешвои миллат дар давраи соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Данғара 6000 гектар заминҳои нав аз худ карда шуда, дар ноҳияи Ҷайҳун аз ҷониби Иттиҳодияи аграрии “Водии Заррин” 5314 гектар заминҳо ба гардиши кишоварзӣ ворид гардид. Дар ин давра 7773 гектар заминҳои партов, 9294 гектар заминҳои холимонда, дар маҷмуъ 28381 гектар заминҳо ба гардиши кишоварзӣ ворид ва дар онҳо зироатҳои гуногуни кишоварзӣ кишт карда мешавад.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ барои таъмини амнияти озуқаворӣ бо дарназардошти афзоиши аҳолии кишвар ва зиёд гардидани талабот ба маҳсулоти кишоварзӣ ба гардиши кишоварзӣ 54 ҳазор гектар заминҳои нав ворид карда шуд.
Қабули қонуни миллӣ – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки муаллифи ғояи он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, як қадами устувор дар роҳи коҳиши сатҳи камбизоатӣ, пешгирӣ аз исрофкорию зиёдаравӣ, таъмини зиндагии шоистаи мардум маҳсуб мегардад. Қонуни мазкур, ки дар ҷаҳони муосир назир надорад, 8 июни соли 2007, таҳти №272 ба тасвиб расида, бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст. Мақсади ин қонуни миллӣ аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, иборат аст.
Дар доираи татбиқи ин қонун ми ллионҳо сомонии мардуми киш вар сарфа шуда, вазъи иҷтим оии шаҳр вандон ба мароти б беҳт ар гардидааст. Барои мисол, агар дар соли 1999 сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷи кист он 83%-ро ташкил медод, дар соли 2019 ин нишондиҳанда то 26,3% коҳиш ёфт, ки аз ҷумлаи муҳимт арин даст овардҳои даврони соҳи бистиқ лолӣ ба ҳисоб меравад.
Дар баробари татбиқи барномаҳо ҷиҳати афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, ҳамзамон таъмини бехатарии ғизо низ аз ҷумлаи афзалиятҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Бо ин мақсад, аз оғози соҳибистиқлолӣ то инҷониб даҳҳо барномаҳои давлатӣ дар ин самт қабул ва заминаҳои рушд дар кишвар таъмин карда шуданд.
Бо мақсади таъмини бехатарии озуқаворӣ дар доираи қабули барномаҳои давлатӣ, махсусан дар заминаи «Барномаи бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023», Кумитаи бехатарии озуқаворӣ фаъолияташро дар самти бойторию зотпарварӣ, фитосанитарӣ, карантини растанӣ ва тухмӣ ба роҳ монда, тамоми маҳсулоте, ки дар кишвар мавҷуд ҳастанд ва ё аз хориҷ ба мамлакат ворид карда мешаванд, аз санҷиш ва аз назорат мегузаронад ва бехатарии онҳоро муайян менамояд.
Ҳарчанд се даҳсола дар назди таърих муддати тӯлонӣ нест, аммо созандагию бунёдкориҳое, ки дар ин давра бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд, арзиши садсолаҳоро доранд ва аз ин шукру сипос бояд кард. Ибтикороти бемисоли Сарвари мамлакат дар самти ислоҳоти замин, пешниҳоди имтиёзҳои давлатӣ барои рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, қабули барномаҳои давлатии рушди боғу токпарварӣ, бунёди коргоҳу корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, истифодаи самарабахши замин ва дигар захираҳои табиӣ Тоҷикистони моро ба татбиқи ҳадафи стратегӣ – таъмини амнияти озуқаворӣ ва ба ин васила истеҳсоли маҳсулоти босифати ғизоӣ, коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва таъмини зиндагии сазовори мардум ноил гардонид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марди олиму оқил ва фозилу хирадмандест, ки давлатро аз фаноёбӣ наҷот дода, мардумро муттаҳид намуд. Инчунин, ба қалби мардум шуълаи умеду эътимодро ба ояндаи дурахшони мамлакат бедор ва бо қадамҳои қатъӣ ба рушду суботи минбаъда ҳидоят намуд.
Қурбон Ҳакимзода,
раиси вилояти Хатлон
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00