Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!


31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!



Ҳамдиёрони азиз! 

Бо камоли ифтихору самимият 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муқаддастарин ва бузургтарин ҷашни мардуми тамаддунсози тоҷик мебошад, тамоми мардуми сарбаланду меҳнатқарини вилояти Хатлон ва Тоҷикистони азизро табрику муборакбод гуфта, ба ҳар фарди худогоҳу худшиноси ватани азизамон бахту саодат ва дастовардҳои рӯзафзун орзу менамоям.

Мо, ворисони Шераку Спитамен, Муқаннаву Темурмалик, Абумуслиму Восеъ, Исмоили Сомониву Низомулмулк, Рӯдакиву Фирдавсӣ, Закариёи Розиву Сино, Аҳмади Донишу Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафурову Мирзо Турсунзода ва садҳо қаҳрамонони миллат ҳамчун ворисони арзанда аз рӯҳи шикастнопазири аҷдодонамон неруву тавонмандӣ гирифта, тавонистем баъди ҳазорон сол тоҷи соҳибдавлатиро бар сар ниҳем ва боиси ифтихори фарзандони имрӯз ва гузаштагони соҳибмаърифатамон гардем.

Ба таъкиди Пешвои муаззами миллат: «Таърих гувоҳ аст, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо оини давлату давлатдории тоҷикон сахтиҳои хорошикани таназзулу эҳё шуданро борҳо аз сар гузаронда, аз дунболи ҳар шикасту инқироз, боз эҳёшавӣ ва камолоти афзунтарро ноил гаштааст. Ин рисолати таърихиро, ки дар раванди давлатдории ҷаҳон назир надорад, метавон рисолати давлатдории тоҷикон номид».

Мард уми шарафманди тоҷик 31 сол боз озоду сарбаланд, боғуруру бови қор зери навои ҷонбахши соҳибисти қлолӣ, ки пуропури насими нишоту шодкомиҳо, хандаву қаҳқаҳаи беғамиҳо мебошад, ба ҳри амалисозии сиёсати инсон меҳвари Пешвои муаззами миллат гомҳои устувори созандагӣ мезанад. Дар расидан ба ин рӯзҳои пурнишот мо, аҳли Тоҷикистони озод, тан ҳо аз як нафар - Президенти маҳбубамон бояд миннатдор бошем ва бо доштани чунин Пешвои муаззам бояд аз умқи фитрати азалӣ ва аз сидқи қалбамон ифтихорнамоем.

Ҳаёти ҳаррӯзаи башарият, хоҳ пурнишоту хоҳ пурғам, дар ёдҳо чун нақше дар санг абадӣ боқӣ мемонад ва аз хотираи таърих ҳеҷ гоҳ зудуда нагашта, барои ибрати ояндагон ҳамчун маҳаки муқоисаву баҳодиҳӣ истифода хоҳад гашт.

Сад шукри Офаридгор, ки ба ин миллат нигоҳи дилсӯзона ва ҳаёти бардавомро раво дида, ба арсаи роҳбарии мардум чеҳраи наву нуронӣ ва дорои заковати олӣ ва қобилияту ҷасорати азалиро пазируфт. Дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон ба маснади Раиси Шӯро ва Сарвари давлат интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба низоми нави давлатдорӣ, суботи сартосарӣ, ташаккули шохаҳои ҳокимият, осоиштагии мардум, бозгашти гурезаҳо, созандагиву дастовардҳо дар ҳама соҳаҳо асос гузошт.

Таърих исбот менамояд, ки низоъҳои дохилӣ мушкилотест, ки солҳои тӯлонӣ давом карда, ҳалли онҳо мушкилтар аз ҷанги байни давлатҳо мебошад. Аммо андешаи поки мардум ва талошҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти расидан ва пойдор кардани сулҳ дар Тоҷикистон натиҷаҳои бесобиқа доданд. Роҳбари кишвари мо тавонист мактаби наверо дар роҳи расидан ба сулҳ аснои низоъҳои дохилӣ асос гузорад.

Ҳамдиёрони азиз!

Доштани ватани ободу зебо, ҷилои сулҳу субот дар кишвар неъматест, ки наметавон онро ба чизе андоза ва монанд кард.

Хушбахтӣ ва ифтихори бузурги ҳар инсон аст, ки дар оғӯши Ватани босубот, зери осмони беғубор зиндагӣ ба сар бурда, ба қадри он бирасад. Ба даст овардани истиқлолият худ неъмати гаронарзиш асту нигоҳдошту ҳифзи он ба дӯши ҳар як нафари ватандӯст масъулияти ҷиддиро вогузор менамояд.

Итминонам комил аст, ки мо боз ҳам роҳҳои рушду такомули тоза ба тозаро эҷод ва кишварамонро ба дастури Пешвои муаззами миллат боз ҳам ободу зебо хоҳем кард.

Дар ин кор ба ҳиммату сарсупурдагии ҳар як сокини сарбаланд, бунёдкор ва боғурури вилоят умеду боварӣ дорам ва медонам, ки мардуми шарафманду зарофари Тоҷикистон, алалхусус сокинони вилоят, дар оянда низ баҳри гулгулшукуфии Ватани азиз, иҷрои дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳои падаронаи Пешвои муаззами миллат аҳлона ба меҳнати созандагии худ идома ва тақвият мебахшад.

Бори дигар дар фароварди сухан якояки сокинони вилоятро бо ин ҷашни муқаддас - 31-солагии Истиқлоли давлатӣ аз самими дил табрику таҳният гуфта, ба ҳамаи Шумо солимии бардавом, рӯзгори пурнишот ва саодатмандии шахсиро таманно менамоям.

31- солагии Истиқлолияти давлатӣ муборак, дӯстони азиз!

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода