Таъмини оилаҳои ниёзманд бо қитъаи замин
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 05 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 725
Дар даврони соҳибистиқлолӣ барои оилаҳои эҳтиёҷманд, сокинони вилояти Хатлон зиёда аз 11 ҳазор гектар қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҷудо шуда, наздики 90 ҳазор нафар эҳтиёҷмандон соҳиби қитъаи замини наздиҳавлигӣ гардиданд.
Аз ин шумора зиёда аз 10 ҳазор нафарашон мутахассисон ва оилаҳои ҷавон буданд. Зиёда аз 6 ҳазор гектари ин заминҳо самарабахшу мақсаднок истифода бурда шуда, барои таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоӣ мусоидат намуд.
Бо ташаббус ва дастгирии Пешвои миллат дар давраи соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Данғара 6000 гектар заминҳои нав аз худ карда шуда, дар ноҳияи Ҷайҳун аз ҷониби Иттиҳодияи аграрии “Водии Заррин” 5314 гектар заминҳо ба гардиши кишоварзӣ ворид гардид. Дар ин давра 7773 гектар заминҳои партов, 9294 гектар заминҳои холимонда, дар маҷмуъ 28381 гектар заминҳо ба гардиши кишоварзӣ ворид ва дар онҳо зироатҳои гуногуни кишоварзӣ кишт карда мешавад.
Қобили зикр аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ барои таъмини амнияти озуқаворӣ бо дарназардошти афзоиши аҳолии кишвар ва зиёд гардидани талабот ба маҳсулоти кишоварзӣ ба гардиши кишоварзӣ 54 ҳазор гектар заминҳои нав ворид карда шудааст.
http://khatlon-ruznoma.tj/
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...