Бунёди 75 коргоҳи нави истеҳсолӣ дар вилоят
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 05 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 675
Дар вилояти Хатлон соли ҷорӣ таъсиси 132 коргоҳу корхонаҳои нави саноатию истеҳсолӣ пешбинӣ гардида, давоми 7 моҳи имсол 75 адади он мавриди истифода қарор гирифтанд.
Соли 2021-ум дар вилоят 87 адад коргоҳу корхонаҳо бунёд ва ба кор андохта шуданд, ки аз нақшаи солонаи пешбинишуда 27 адад зиёд буд. Тавре аз Раёсати рушди иқтисод ва савдои вилоят ба рӯзномаи “Хатлон” иттилоъ доданд, соли 1991 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳамагӣ 75 адад корхонаи саноатӣ фаъолият менамуданд, ки ин шумора дар соли 2021 ба 641 адад расонида шуд. Дар ин давра 566 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ мавриди истифода қарор гирифта, ҳазорҳо ҷойи кории доимӣ таъсис ёфтаанд.
Ба ҳолати 1 августи соли ҷорӣ дар вилоят 684 адад коргоҳу корхонаи саноатӣ мавҷуданд, аз ин шумора 380 корхонаи истеҳсолӣ, 236 коргоҳи хурди истеҳсолӣ ва 68 корхонаи хизматрасонро ташкил медиҳад.
Дар доираи эълон гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” ва нақшаи чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ, дар вилоят бунёди зиёда аз 700 коргоҳу корхонаҳо бо таъсиси 14 ҳазор ҷойи нави корӣ дар назар дошта шудааст.
http://khatlon-ruznoma.tj
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...