Ғолибони озмуни “Ҳунарманди сол-2022” муайян гардиданд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 31 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 915
Даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Ҳунарманди сол-2022” дар шаҳри Кӯлоб аз рӯи 6 номинатсия - кандакорӣ, дуредгарӣ бо чӯб, дӯзандагӣ, наққошӣ, рассомӣ, кулолгарӣ, аҷубасозӣ ва гаҷкорӣ, чармгарӣ, бофандагӣ, коркарди метал бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Акрам Сулаймонзода баргузор гардид.
Бино ба иттилои шуъбаи иттилоотиву таҳлили дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, озмуни мазкур дар асоси “Барномаи рушди ҳунармандии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ба роҳ монда шудааст. Мақсад аз баргузории он бедор намудани ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, тарғибу ташвиқи либосҳои миллӣ, ба насли оянда мерос гузоштани ҳунарҳои аҷдодӣ ва муаррифии ҳунари волои халқи тоҷик унвон мешавад.
Дар ҳамин давраи соли 2022 дар ҳудуди вилоят аз рӯи 14 намуди ихтисосҳои ҳунармандӣ 2786 нафар ба касбомӯзӣ тавассути барнома ҷалб гардиданд, - зикр дошт Акрам Сулаймонзода зимни ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии “Ҳунарманди сол-2022”.
Дар идома ҳамчунин гуфт, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилоят барои ба фурӯш гузоштани маҳсулоти дастӣ ва армуғонҳои ҳунармандон 175 нуқтаи фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ таъсис дода шудааст.
Ҳамин тариқ, беҳтаринҳои даври вилоятӣ муайян гардида, ҳунармандони шаҳри Кӯлоб аз рӯйи номинатсияи чакандӯзӣ ба гирифтани ҷойи аввал, ҳунармандони ноҳияҳои Ёвону Восеъ аз рӯи номинатсияи кандакорӣ соҳиби ҷойи дуюм ва ҳунармандони ноҳияҳои Темурмалику Вахш аз рӯи номинатсияи адрасбофӣ сазовори ҷойи сеюм дониста шуда, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо диплому мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд. Ҳамзамон, ғолибони даври вилоятӣ ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.
Ҳангомаи ИСМАТ, “Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00