14 санади ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 27 август, Бахш: Ҳокимияти давлати, Боздид 974
Дар доираи Форуми байналмилалии иқтисодии "Кӯлоб-2022" имрӯз 14 санади ҳамкорӣ ба маблағи зиёда аз 3,6 миллиард сомонӣ дар самтҳои саноат, кишоварзӣ, сохтмон, технологияҳои иттилоотӣ ва дигар соҳаҳо ба имзо расонида шуд.
Нимаи дуюми рӯз кори форум дар се панел - "Рушди соҳаҳои саноат дар вилояти Хатлон бо таваҷҷуҳ ба эълон гардидани солҳои 2022-2026 "Солҳои рушди саноат"", "Имкониятҳои рушди соҳибкорӣ дар бахши сайёҳӣ ва ҷалби сармоя ба инфрасохтори соҳа дар вилояти Хатлон" ва "Дастгирии соҳаи кишоварзӣ - заминаи устувори рушди иқтисодиёти минтақа" идома меёбад.
Зимни мулоқотҳои В2В (соҳибкор бо соҳибкор) имконияти роҳандозии ҳамкориҳо баррасӣ гардида, ва баимзорасонии санадҳои боқимонда дар назар аст.
Дар доираи Форуми байналмилалии иқтисодии "Кӯлоб-2022" иштирокчиён аз фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, кишоварзӣ, мавзеъҳои таърихию ҷаҳонгардӣ ва Минтақаи озоди иқтисодии "Кӯлоб" боздид ва шиносоӣ хоҳанд кард.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00