Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Форуми байналмилалии иқтисодии "Кӯлоб-2022" дар шаҳри Кӯлоб ба кори худ оғоз кард.


Форуми байналмилалии иқтисодии "Кӯлоб-2022" дар шаҳри Кӯлоб ба кори худ оғоз кард.


Форум, ки дар он беш аз 300 намояндаи доираҳои тиҷоратию сармоягузорони ватанию хориҷӣ иштирок доранд, бо сухани раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ифтитоҳ ёфт. Раиси вилоят ҳамаи иштирокдоронро ба Хатлонзамин хайрамақдам гуфт ва доир ба зарфиятҳои иқтисодию сармоягузории вилоят, ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ ба иқтисодиёти минтақаи Кӯлоб, фароҳам овардани шароити мусоид барои сармоягузорону соҳибкорон,  инчунин имкониятҳои мавҷуда ва самтҳои ояндадори ҳамкорӣ ба ҳозирин маълумот дод.



Дар форум раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим, раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода, сармоягузорони хориҷӣ, соҳибкорони ватанӣ ва дигарон доир ба имтиёзҳои давлат барои дастгирии соҳибкорон, рушди тиҷорат, содагардонии ҳуҷҷатҳо, самтҳои афзалиятнок ва судбахши ҳамкориҳои тиҷоратӣ, лоиҳаҳои амалкунанда, натиҷаҳои бадастомада ва дурнамои ҳамкориҳо сухан гуфтанд.

Роҳбари намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар Тоҷикистон ҷаноби Мунео Такасака дар маърӯзааш қайд кард, ки Агентӣ (JICA) дар шаҳри Бохтар ва ноҳияи Ҷайҳун якчанд лоиҳаро ба маблағи даҳҳо миллион доллар амалӣ мекунад.

Аз ҷумла JICA лоиҳаи таъмиру навсозии қариб 10 километр роҳро, ки ҷануби кишварро бо қисмати боқимондаи ҷумҳурӣ пайваст мекунад, амалӣ месозад. Роҳ аз духата ба чорхата табдил ёфта, дар канорҳои роҳ аз ду тараф роҳи пиёдагард сохта мешавад. Ба лоиҳа 22 шаҳрванди хориҷӣ ва зиёда аз 200 нафар тоҷикистониён ҷалб шудаанд. Ин қитъаи роҳ моҳи декабри соли 2024 ба истифода дода мешавад. Сандуқи JICA дар Тоҷикистон аз 44 лоиҳа иборат аст. Маблағи умумии онҳо 418 миллион долларро ташкил медиҳад, ки 11-тоашон мавриди амал қарор доранд.


Дар форум навори видеоии мустанад оид ба имкониятҳои сармоягузорӣ ва сайёҳии вилояти Хатлон ба намоиш гузошта шуд.

Пас аз қисмати ифтитоҳии расмии Форум, кори он дар се панел - "Рушди соҳаҳои саноат дар вилояти Хатлон бо таваҷҷуҳ ба эълон гардидани солҳои 2022-2026 "Солҳои рушди саноат"", "Имкониятҳои рушди соҳибкорӣ дар бахши сайёҳӣ ва ҷалби сармоя ба инфрасохтори соҳа дар вилояти Хатлон" ва "Дастгирии соҳаи кишоварзӣ - заминаи устувори рушди иқтисодиёти минтақа" идома меёбад.

Дар доираи Форуми байналмилалии иқтисодии "Кӯлоб-2022" иштирокчиён аз фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, кишоварзӣ, мавзеъҳои таърихию ҷаҳонгардӣ ва Минтақаи озоди иқтисодии "Кӯлоб" боздид ва шиносоӣ хоҳанд кард.

"Хатлон"

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода