Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО ҲАЙАТИ СОҲИБКОРОН АЗ АРАБИСТОНИ САУДӢ ВА АМОРОТИ МУТТАҲИДАИ АРАБ


МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО ҲАЙАТИ СОҲИБКОРОН АЗ АРАБИСТОНИ САУДӢ ВА АМОРОТИ МУТТАҲИДАИ АРАБ


Дар шаҳри Бохтар мулоқоти раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо гурӯҳи соҳибкорон аз Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва Амороти Муттаҳидаи Араб сурат гирифт.

Ин вохӯрӣ дар доираи ташрифи ҳайатҳои Амороти Муттаҳидаи Араб ва Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб-2022», ки 26-27 август дар шаҳри Кӯлоб доир мешавад, баргузор гардид.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ҳайати меҳмононро ба вилояти Хатлон хайрамақдам гуфта, изҳори итминон намуданд, ки Форуми “Кӯлоб-2022” барои таҳкими муносибатҳои тиҷоративу иқтисодии ҳар ду ҷониб такони тозае хоҳад бахшид.

Зикр гардид, ки ҳамкорӣ бо кишварҳои арабӣ, махсусан Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва Амороти Муттаҳидаи Араб, дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми хос дошта, таҳлили рушди муносибатҳои дуҷониба аз рушди муттасили равобити тиҷоратию иқтисодӣ шаҳодат медиҳад.

Қурбон Ҳакимзода ба намояндагони доираҳои соҳибкории Арабистони Саудӣ ва АМА доир ба зарфиятҳои иқтисодию сармоягузории Хатлонзамин маълумот доданд. Қайд гардид, ки беш аз нисфи аҳолии вилоят ба кишоварзӣ машғул буда, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории Хатлон соли гузашта ба маблағи беш аз 2,6 миллиард доллари амрикоӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шудааст. 

Соли 2021 аз вилоят ҳудуди 120 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар, асосан Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Узбекистон, Туркия, Қазоқистон ва Покистон содирот гардидааст. Имсол бошад, тайи 7 моҳи сипаригашта, аз вилоят ба хориҷи мамлакат наздик ба 80 тонна анвои мухталифи маҳсулоти кишоварзӣ бароварда шудааст.

Вобаста ба ҷалби сармояи хориҷӣ гуфта шуд, ки дар 7 моҳи соли ҷорӣ ба қаламрави вилояти Хатлон ба қадри 60,6 миллион доллар ворид гардидааст, ки 54 миллион доллари он сармояи мустақими хориҷӣ маҳсуб меёбад. Дар маҷмӯъ, то 1 январи соли 2022 ҳаҷми сармояи хориҷии ба вилоят воридшуда 1,5 миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ба вилояти Хатлон асосан аз 31 кишвари хориҷӣ сармоя ҷалб шудааст, ки 7,4 фоиз аз ҳаҷми умумии он ба Амороти Муттаҳидаи Араб рост меояд.

Хонум Марям Ашшиносӣ, роҳбари ҳайати намояндагони АМА ва Арабистони Саудӣ, дар навбати худ барои пазироии самимӣ изҳори миннатдорӣ намуда, ҳадафи сафари соҳибкорони арабро пайдо намудани шарикони нави тиҷоратӣ ва таҳкими ҳамкориҳо арзёбӣ кард. Вай афзуд, ки бори чаҳорум ба Тоҷикистон сафар мекунад ва ҳар дафъа мавзуи ҷолибе барои густариши равобити доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб ва Арабистони Саудӣ пайдо мекунад. 

“Мо ният дорем, ки дар муддати 6 моҳи оянда ҳамчунин бонувони тоҷирро аз ҳавзаи кишварҳои арабӣ барои ҳамкорӣ бо ширкатҳо ва соҳибкорони тоҷикистонӣ ҷалб намоем ва сафарҳои омӯзишиву равобити устувори тиҷоратиро ба роҳ монем”, - идома дод хонум Марям Ашшиносӣ.

Намояндаи гурӯҳи соҳибкорони араб Ҳаким Ҳалимӣ зимни мулоқот бо раиси вилояти Хатлон иброз дошт, ки дар Арабистони Саудӣ ва Амороти Муттаҳидаи Араб раванди вусъатманди ба кишвари саноатӣ-аграрӣ табдилёбии Тоҷикистонро пайгирӣ мекунанд. Ба қавли ӯ, ҳайате, ки аз ин ду кишвар ба Хатлонзамин сафар кардааст, омодаи роҳандозии ҳамкорӣ дар самти бандубаст ва коркарди мева, гӯшт, пиставу меваи хушк, ангишт, атриёт ҳастанд. 

- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар оғози роҳбарии худ эълон дошта буданд, ки  дари Тоҷикистон барои давлатҳое, ки нияти мустаҳкам намудани ҳамкориҳои самарабахш ва дӯстонаро доранд, боз аст, - таъкид намуданд раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода

Аз рӯйи натиҷаи вохӯрӣ мувофиқа шуд, ки соҳибкорони тоҷик ва араб дар доираи Форуми байналмилалии иқтисодии “Кӯлоб-2022”, дар мавзуъҳо ва самтҳои мушаххас шарикию ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратиро ба роҳ мемонанд.

"Хатлон"

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода