Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Захиракорӣ дар оила


Захиракорӣ дар оила



Сарвари мамлакат рӯзи 24-уми феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Бохтар ва 18-уми июн дар ноҳияи Данғара бо фаъолони вилояти Хатлон вохӯрӣ анҷом дода, дастур доданд, ки ҳар як ваҷаб заминро самаранок истифода намуда, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат ҳисса гузоранд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён ин дастури Роҳбари давлатро сармашқи кори худ намуда, дар ин асос дар ноҳия озмуни “Беҳтарин намунаи захиракорӣ дар оила”-ро ба роҳ монданд, ки дар остонаи ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатӣ ҷамъбаст мегардад. 

Бо мақсади муайян намудани ғолиби “Беҳтарин намунаи захиракорӣ дар оила” гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён ташкил карда шуда, ҳамарӯза аз захираҳои сокинони ноҳия дидан мекунанд. Дар ин рӯз ҳайати корӣ аз истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентии сокинони Ҷамоати деҳоти “Сарвати Истиқлол” дидан намуданд.

-Соли аввал аст, ки мо ба ин кор машғул ҳастем. Моҳи ноябр картошка кишт карда, моҳи апрел ҳосилашро ғундошта, ба бозор баровардем. Баъд аз ҳосили картошка кишти такрории бодирингро анҷом додем.

Чанд ҳафта пеш ҳосили бодирингро ба пуррагӣ ҷамъоварӣ намуда, ҳам барои зимистон захира намудем ва ҳам ба бозори ноҳия ба фурӯш баровардем.

Дар ҳамин замин ҳоло кишти сеюм - картошкаро ба роҳ мондаем. Ният дорем, ки барои гузаронидани зимистони солҳои 2022-2023 картошкаро захира намоем,- мегӯяд Обидҷон Юсупов, сокини Ҷамоати деҳоти “Сарвати истиқлол”.

Ҳосили ғундоштаи маҳсулоти кишоварзиро дар анбори ин оила дида, кас ба онҳо аҳсант мехонад. Зеро онҳо аз тамоми намуди маҳсулоти кишоварзӣ-лӯбиёгиву қиёми помидор, шакаробу бодиринги консервакунонидашуда барои зимистон захира намудаанд. Обидҷон Юсупов, сардеҳқони оила, мегӯяд, ки ин ҳама фаровонӣ сирре дорад.

-Мо барои ҳосили хуб гирифтан аз доруҳои минералӣ истифода намебарем. Ҳарчи кардем, аз нуриҳои табиӣ истифода кардем. Аз Ҷумҳурии Узбекистон як кило кирми лойхӯракро оварда, бо поруи чорво омехта карда, аз болояш шарбати меваҳои вайроншударо мерезем. Баъди чанд рӯз онро рӯйгардон карда, ба замин мерезем. Ин доруи табииест, ки заминро боқувват мекунад, - афзуд Обидҷон Юсупов.

Бояд гуфт, ки дар ин оила то ду сол тамоми намуди маҳсулот захира карда шудааст. Онҳо дар заминҳои президентӣ гандум кишт карда, ҳосили хуб рӯёнидаанд. Ҳамчунин, коҳи онро барои чорво захира карданд.

Ҳайати корӣ дар ин рӯз аз чандин хонаҳои дигар низ дидан намуданд. Маълум гардид, ки сокинони ин ҷамоат дар истифодаи заминҳои наздиҳавлигӣ таҷрибаи бой доранд. Онҳо ҳар як ваҷаб заминро ба дурустӣ истифода бурда, зиндагиро аз замин пеш мебаранд.

Н. Саидаброр, “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода