Дӯстӣ. Таваҷҷуҳ ба рушди соҳаи боғдорӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 23 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Арсаи кишоварзӣ / Хабарҳо, Боздид 956
Бо назардошти талаботи рӯзафзуни бозори истеъмолии кишвар ва эҳтиёҷоти кишварҳои олам ба меваҷоти аз лиҳози экологӣ тозаву хушсифат солҳои охир хоҷагидорони ноҳияи Дӯстӣ ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда истодаанд.
Бо гирифтани ҳосили фаровони ангур, саҳмдорони хоҷагии деҳқонии “Муҳаммад Осимӣ”-и Ҷамоати деҳоти “Деҳқонобод” ният доранд, ки ҳаҷми содироти онро ба 100 тонна расонанд. Айни замон дар хоҷагии мазкур басту банди ҳосили ангур бо маром идома дорад.
Хоҷагии деҳқонии “Муҳаммад Осимӣ”-и Ҷамоати деҳоти “Деҳқононбод” 12 гектар замини корам дорад, ки 9 гектари онро токзор ташкил медиҳад. Дар хоҷагии мазкур 4 навъи ангури хушсифат, аз қабили “Шоҳона”, “Президент”, “Чиллагии сиёҳ” ва “Ғалаба”, ки ба иқлими минтақа мутобиқ мебошанд, парвариш карда мешавад.
Ангурбоғи хоҷагии деҳқонии мазкур соли 2009 бунёд гардида, қисмате аз он чаҳор сол мешавад, ки ба ҳосил даромада, соле аз 2 гектари он то 50 тонна ҳосили ангури хушсифат ба даст меоранд. Ба гуфтаи боғпарварон имсол ангурбоғ нисбат ба солҳои пешин ҳосили фаровон дорад.
Ба гуфтаи хоҷагидорон тибқи пешбиниҳо дар соли равон онҳо аз масоҳати 5 гектар токзор беш аз 100 тонна ҳосил хоҳанд рӯёнид. Зикр гардид, ки ангурбоғ дар асоси барномаҳои давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ бунëд гардида, саҳмдорон мақсад доранд ҳаҷми истеҳсоли ангур ва содироти онро ба хориҷи мамлакат афзоиш диҳанд.
Саҳмдорони хоҷагии деҳқонии “Муҳаммад Осимӣ” тӯли чанд соли охир аз майдонҳои зархези хоҷагӣ, ҳосили фаровону босифат ба даст оварда, аз ин ҳисоб сатҳи рӯзгорро беҳтар намуда, ҳамзамон базаи моддиву техникии хоҷагиро такмил дода истодаанд.
Мавриди зикр аст, ки ду сол қабл дар хоҷагии деҳққонии “Муҳаммад Осимӣ” бо тавсияи мутахассисони шаҳри Турсунзода ниҳолони ангур ворид гардида, дар майдони беш аз ду гектар шинонида шудаанд, ки имрӯзҳо ин қитъаи ангурбоғи хоҷагӣ нашъунамои хеле хуб дорад.
Худойдоди Раҷаб, рӯзноманигор
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...