Левакант. Ҷамъоварии пахта оғоз ёфт
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 22 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Арсаи кишоварзӣ / Хабарҳо, Боздид 974
18 август барзгарони хоҷагии тухмипарварии “Ботуробод”-и шаҳри Левакант ба ҷамъоварии ҳосили пахта шурӯъ намуданд. Дар хоҷагии мазкур дар масоҳати 242 гектар “тиллои сафед” кишт гардидааст, ки нашъунамои он хуб ба назар мерасад. Хоҷгидорон умед доранд, ки имсол ҳосили фаровон ба даст оранд.
Ба гуфтаи роҳбари хоҷагӣ Ислом Самадов ба чинакчиён барои ҳар як килогарамм пахтаи чидашуда, 1 сомонӣ муқаррар гаштааст.
Тибқи иттилои масъулин шурӯъ аз 25- уми август, дар дигар хоҷагиҳои пахтакории шаҳри Левакант маъракаи ҷамъоварии ҳосил оғоз мегардад.
Бояд гуфт, ки имсол дар вилояти Хатлон дар майдони 186 ҳазор гектар пахта кишт гардидааст.
Фарида Баротова, “Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00