Форуми рушди ҳамкориҳои Хатлону Сурхондарё
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 20 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 751
Дар шаҳри Норак Форуми рушди ҳамкориҳои вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Сурхондарёи Узбекистон бо иштироки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Сурхондарё Тӯра Боболов ва соҳибкорони ҳарду вилоят баргузор гардид.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни суханронӣ, чунин изҳор дошт: «Боиси хушнудист, ки имрӯз ҳайати намояндагони вилояти Сурхондарё бо сарварии ҳокими вилоят ба вилояти Хатлон сафар карда, ҳамкориҳои мо сол то сол инкишоф меёбад. Имрӯз “Харитаи роҳ” ба имзо мерасад, ки дар он иқдомоти муштараки минбаъдаи мо ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои муштарак танзим мешавад».
- Бояд гуфт, ки таҳким ва густариши робитаҳои корӣ бо минтақаҳои Узбекистон яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти иқтисодии хориҷии мо мебошад. Мо ба бунёди муносибатҳои дарозмуддат, ки ба мо барои самаранок истифода бурдани иқтидори минтақаҳоямон мусоидат мекунанд, манфиатдорем, - афзуд раиси вилоят.
Қурбон Ҳакимзода дар идомаи суханронӣ таъкид дошт, ки вилояти Хатлон рушди ҳамкориҳои минтақавиро ҷузъи муҳими стратегияи рушди иқтисоду тиҷорат, ҷалби сармоя, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир, фароҳам овардани ҳавасмандӣ барои таъсиси ҷойҳои корӣ ва рушди устувори минбаъдаи иҷтимоию иқтисодии минтақа медонад. Итминон дорем, ки сафари кории ҳайати вилояти Сурхондарё ба вилояти Хатлон дар таърихи муносибатҳои ду вилоят саҳифаи нав мекушояд.
Дар Форум 23 санади ҳамкорӣ миёни соҳибкорони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Сурхондарёи Узбекистон, аз ҷумла “Харитаи роҳ” миёни ду вилоят, ёдошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, 15 шартнома барои сармоягузорӣ, 6 шартнома барои молу маҳсулот ба маблағи 26,6 миллион доллар ба имзо расонида шуд, ки барои пешрафти ду вилоят мусоидат мекунад.
Дар фарҷом ба хотири равнақи дӯстиву рафоқат аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба ҳайати меҳмонон аз вилояти Сурхондарё туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.
Ф. Бобоев, «Хатлон»
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00