МАОРИФ: Дастоварди хонандагони муассисаҳои таълимӣ шоёни таҳсин аст
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 22 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 725
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо фаъолони вилояти Хатлон изҳор доштанд, ки кӯдакону наврасонро ба китобхонӣ ҷалб намудан зарур мебошад. Хусусан, дар давраи таътили тобистона бояд ҳар як хонанда на камтар аз се китоби бадеӣ мутолиа намояд.
Бо назардошти ҳидоятҳои Пешвои миллат ва ба мақсади ҷалби кӯдакону наврасон ба мутолиаи китобҳои бадеӣ аз ҷониби кормандони маорифи вилоят аксия ва як қатор чорабиниҳо ташкил карда шуданд. Аз ҷумла, тарғиб ва ҷалби хонандагон ба китобхонӣ бо усули «Хона ба хона» аз тарафи омӯзгорон ба роҳ монда шудааст. Ҳадафи мо ин буд, ки ҳар як хонанда бояд дар давраи таътили тобистона китоби бадеӣ мутолиа намояд ва дастури Роҳбари давлат мувофиқи матлаб иҷро гардад.
Ёдовар бояд гардид, ки хонандагони муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон дар соли таҳсили 2021 – 2022 бо иштироки фаъолона дар олимпиадаи фаннии ҷумҳуриявӣ соҳиби 620 ҷойи намоён гардиданд, ки аз нисбати соли гузашта беш аз 200 медал зиёд мебошад.
Яке аз дастовардҳои беҳтарини муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон соҳиби аттестати аъло гардидани ҳафт хонанда мебошад. Хонандагон аз шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Норак, Бохтар ва Данғара аттестати аъло ва медали тиллову нуқра ба даст оварданд, ки аз соли гузашта 2 аттестати аъло зиёд мебошад.
Аз ҷумла, Парвиз Амирализода, Дилноза Файзуллозода, Раҳматулло Файзиддинов, Муҳаммадҷон Холиқов, Муин Оймаҳмадов, Ойниҳол Раҳимзода ва Сиёвуш Хайруллоев бо маҳорати баланди худ мақоми маорифи Хатлонро дар сатҳи ҷумҳурӣ баланд бардоштанд.
Яке аз дастовардҳои хотирмон дар арафаи соли нави хониш соҳиби медали тилло шудани хонандаи синфи 9-уми литсейи давлатии ноҳияи Восеъ Омина Худойқулова мебошад. Омина дар Олимпиадаи фаннии мактаббачагон «Teeneagle», ки дар шаҳри Лондон баргузор гашту дар он довталабон аз 27 кишвари ҷаҳон ширкат доштанд, аз фанни забони англисӣ ғолиб дониста шуд.
Илова бар ин, хонандагони муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Илм - фурӯғи маърифат”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Тоҷикистон – ватани азизи ман” ҷойҳои намоёнро ишғол кардаанд. Ба ҳолати имрӯза низ омодагии хонандагон ба озмунҳои мазкур дар сатҳи баланд мебошад. Ҳамчунин, ҳоло аксарияти хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят ба озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон – дар оинаи таърих” омодагии ҷиддӣ дида, китобҳои зиёдеро мутолиа карда истодаанд. Барои таёрӣ ба ин озмун низ аз тарафи Раёсати маорифи вилояти Хатлон як қатор озмуну чорабиниҳо ба нақша гирифта шудааст.
Омодагии муассисаҳои таълимӣ ва хонандагон ба оғози соли нави таҳсил дар сатҳи лозима ба роҳ монда шудааст. Масалан, таъмири ҷории муассисаҳои таълимӣ мувофиқи матлаб гузаронида шуда истодааст, ки рафти амалишавии он аз тарафи гурӯҳҳои кории Раёсати маорифи вилояти Хатлон назорат мегардад. Барои дар сатҳи лозима омода шудани хонандагон китобҳои дарсӣ тақсим карда шуданд. Ҳамзамон, ба хонандагон либоси ягонаи мактабӣ дастрас шуда истодааст. Дарсҳои мутобиқшавии синфҳои якум аз оғози моҳи август идома дорад.
Боварӣ дорем, ки соли нави хониш дар рӯҳияи баланди ватандорию ифтихори баланди миллӣ ва талошҳои ҳар чӣ бештари илмомӯзӣ шурӯъ гардида, хонандагони мо назар ба солҳои қаблӣ дастовардҳои хубтареро соҳиб мегарданд.
Ғазалшоҳ Сафарзода,
сардори Раёсати маорифи
вилояти Хатлон
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00