ДАР ЯК САТР
Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Кӯлоб. 44 лоиҳа бо маблағи 351 миллион сомонӣ амалӣ гардид


Кӯлоб. 44 лоиҳа бо маблағи 351 миллион сомонӣ амалӣ гардид



Дар нишасти матбуотии раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода зикр гардид, ки дар шаш моҳи соли равон 44 лоиҳа ба маблағи зиёда аз 351 миллион сомонӣ амалӣ гардид. Дар 32 лоиҳа корҳо идома дошта, 111 миллион сомонӣ аз худ гардида, азхудкунии маблағҳои лоиҳаҳо дар маҷмӯъ 462 миллион сомониро ташкил додааст.


- Дар маҷмӯъ, қисми даромади буҷет 110,9 фоиз иҷро ва қисми хароҷоти он 96 фоиз таъмин гардид. Дар нимсолаи аввали соли 2022 аз ҳисоби музди меҳнат қарздорӣ ба қайд гирифта нашудааст. Дар нимсолаи аввали соли 2022 бонкҳои шаҳр ба соҳаҳои иқтисодиёт 137,5 миллион сомонӣ қарзҳои бонкӣ равона намуданд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 26,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад, - изҳор дошт раиси шаҳр. Раиси шаҳри Кӯлоб иброз дошт, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар нозироти андози шаҳр 5172 соҳибкори инфиродӣ, аз ҷумла 2327 бо патент, 721 соҳибкор бо шаҳодатнома ва 2124 хоҷагиҳои деҳқонӣ дар қайд мебошанд.

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ дар шаҳр ба 209,5 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,2 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 104,1 фоизро ташкил дод. Аз ҷумла, аз ҳисоби истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти соҳаи растанипарварӣ 144 миллион сомонӣ, ё ин ки 4,4 миллион сомонӣ зиёд, аз ҳисоби соҳаи чорводорӣ 65,4 миллион сомонӣ, ё худ 3,7 миллион сомонӣ зиёд ва аз ҳисоби соҳаи моҳипарварӣ 2,1 миллион сомонӣ, ё ин ки 0,4 ҳазор сомонӣ зиёд ба қайд гирифта шуд.

Ҷ. РУСТАМШОҲ, “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода