Кӯшониён. Шумораи корхонаҳои саноатӣ ба 40 адад расид
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 05 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 710
Корхонаҳои саноатии ноҳияи Кӯшониён 56 номгӯи маҳсулотро истеҳсол мекунанд. Дар ин бора Икромиддин Вализода, раиси ноҳияи Кӯшониён, дар нишасти матбуотиаш хабар дод.
Ҳоло теъдоди корхонаҳои истеҳсолии саноатӣ 40 адад буда, саҳми онҳо дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 18,1 фоизро ташкил медиҳад.
И. Вализода афзуд, ки корхонаҳои саноатии ноҳия дар нимаи якуми соли ҷорӣ ба маблағи 140 миллиону 713 ҳазору 400 сомонӣ маҳсулот тавлид кардаанд, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли 2021 ба қадри 58,5 миллион сомонӣ бештар аст. Қайд гардид, ки давоми соли 2022 дар доираи нақшаи омодагӣ ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёди 6 коргоҳи саноатӣ пешбинӣ шудааст. Нимаи якуми сол аллакай ду коргоҳи саноатӣ, яке сехи дӯзандагии ҶДММ “Гесӯ” ва дигаре коргоҳи мевахушккунӣ дар Ҷамоати деҳоти “Сарвати Истиқлол”, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст.
Ба иттилои раиси ноҳияи Кӯшониён, дар шаш моҳи сипаригардидаи соли 2022 дар ноҳия 1530 ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст, ки 53,5 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил менамояд.
Дар ин давра ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулот ба 769 миллиону 384 ҳазору 300 сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 97 миллиону 932 ҳазору 400 сомонӣ зиёд буда, аз ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолкардашуда 550 миллиону 747 ҳазор сомонӣ ба соҳаи кишоварзӣ ва 77 миллиону 923 ҳазору 900 сомонӣ ба соҳаи сохтмон рост меояд. Суръати афзоиши истеҳсоли маҳсулот 14,6 фоизро ташкил менамояд.
Дар маҷмӯъ, то ҷашни 35-солагии Истиқлол дар ноҳияи Кӯшониён бунёди 252 иншооти таъиноташ мухталиф ба нақша гирифта шудааст.
Ҳ. ИСМАТ, “Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00