Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Тоқдони чашми мо - ҷойи китоби “Тоҷикон”


Тоқдони чашми мо - ҷойи китоби “Тоҷикон”



Мурда буд дар хоб гӯё бахти хоби тоҷикон,
Ношумурда мухтасар мешуд ҳисоби тоҷикон,
Бахшу бобе ҳар чӣ буд дар бахшу боби тоҷикон,
Бекитобон канда буданд аз китоби “Тоҷикон”.
Аз миёнаш сиккабарҳо сикка бурду сикка хӯрд,
Аз даҳонаш тиккабарҳо тикка бурду тикка хӯрд.
Аз Атобак гарчӣ дар ин минтақа антиқа буд,
Кас намедонад, ки буд, ғайр аз китоби “Тоҷикон”
Гар набудӣ ҳар сафоле фол аз асри сафол,
Гар набудӣ тоҷики асри сафол устокулол,
Ҳамчунон ҷилди заминаш аз сафолу аз сафол
Пур намешуд ин қадар ҷилди китоби “Тоҷикон”.
Гар набуд аз устухони куҳнае моро аён,
То бидонем, аз куҷо бишкаста миллатро миён
Дӯш тоҷикро, намедонам чи қисмат будааст,
Худ ба Хатлону расул аз Устувохат будааст,
Лоҷарам, аз Устувохат, лек бехат будааст,
Ман надидам нусхаашро дар китоби “Тоҷикон”...
Дар ҳавошии қаламрав беқаламҳо будаанд,
Беқаламҳои ҳавошӣ беқадамҳо будаанд.
Беқаламҳои ҳавошӣ дар қалам афтодаанд,
Ин замон андар ҳавошии китоби “Тоҷикон”.
То Хуросонро хурад осон, намонад порае,
Бо хуру осон ҷудо кардаш хуросонхорае.
Баъди сад садсолае охир ҳар Хуросонпорае
Ёфт пайванди китобӣ дар китоби “Тоҷикон”...
Ҷои нони хонагӣ бар каф китоби хонданист,
Ҳамчу болоӣ ба болои китоби “Тоҷикон”.
Тоқдони хонаи мо ҷойи дастурхони мост,
Тоқдони чашми мо - ҷойи китоби “Тоҷикон”.

Бозор СОБИР

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода