ДАР ЯК САТР
Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Конференсияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар


Конференсияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар



20 июли соли 2022 дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар Конференсияи 25-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар баргузор гардид.

Дар конференсия муовини раиси ҲХДТ А. Латифзода, раиси шаҳри Бохтар С. Саломзода, раиси Кумитаи иҷроияи ХҲДТ дар шаҳри Бохтар Н. Иброҳимзода, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ширкат доштанд. Гуфта шуд, ки мақсади асосии фаъолияти ҳизби пешоҳанги ҷомеа, дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва барномаи пешазинтихоботии ҳизб барои то соли 2025 мебошад. Дар конференсия ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар шунида шуд. Ҳамчунин, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, аъзои Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар аз ҷониби вакилон интихоб гардиданд. Дар охир, ба як қатор фаъолони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Сипоснома ва туҳфаҳои пулӣ тақдим гардид.

Инчунин, чанд нафар ба узвияти ҳизб қабул гардиданд.

Ҷ. ҚИЁМИДДИН, «Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода