Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Даври вилоятии озмуни «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» кай барпо мешавад?


Даври вилоятии озмуни «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» кай барпо мешавад?



Рӯзи 25 июл дар шаҳри Бохтар, тибқи нақша, даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» оғоз мегардад.

Даври вилоятии озмуни мазкур дар маркази вилоят то 1 август идома мекунад. Ба иттилои масъулони Вазорати фарҳанги кишвар, соли равон дар даври якуми озмун 3374 нафар довталаб иштирок намуд, ки аз ин шумора 1323 нафар ба даври дуюм роҳхат гирифтанд. Аз теъдоди роҳхатгирифтагон тибқи раддабандии синнусолӣ, ки дар низомномаи озмун пешбинӣ шудааст, 742 нафарро аз 12 то 17-сола ва 581 нафарро аз 18 то 30-сола ташкил медиҳанд. Иштироки довталабон дар озмун нисбат ба соли гузашта 381 нафар зиёд аст.

Ёдовар мешавем, ки озмун бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардида, ҳадафи он дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, баланд бардоштани мақому маҳорати касбии ҷавонону наврасон, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ, сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгон маҳсуб мешавад.

http://khatlon-ruznoma.tj

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода