Омодагӣ ба зимистонгузаронӣ дар чӣ ҳол аст?
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 22 июл, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 743
Дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Ситоди вилоятӣ оид ба омодагӣ барои зимистонгузаронӣ доир гардид.
Дар ситод Заробиддин Файзуллозода, муовини раиси вилояти Хатлон ва сардорони раёсатҳои маорифу тандурустӣ, шабакаҳои барқ, муовинони раисони шаҳру навоҳӣ, мудирони шуъбаву бахшҳои маориф, сардорони раёсати молия дар шаҳру ноҳияҳо ва дигар масъулон ширкат доштанд.
Нахуст, Заробиддин Файзуллозода оид ба вазъи имрӯзаи омодагӣ ба зимистонгузаронӣ сухан карда, дар масъалаи мавҷудияти мушкилот дар бархе аз шаҳру ноҳияҳо истодагарӣ намуд. Ҳамзамон, барои муайян намудани мушкилоти асосии монеаэҷодкунанда барои омодагӣ ба зимистонгузаронӣ сардорони раёсатҳо, муовинони шаҳру навоҳӣ ва дигар масъулон мавриди пурсиш қарор гирифтанд.
Инчунин, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Ғазалшоҳ Сафарзода доир ба вазъи омодагии соҳаи маорифи вилоят ба тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 баромад карда, изҳор дошт, ки дар раёсати маориф ва шуъбаву бахшҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо Ситод ташкил карда шудааст, ки ҳар ҳафта баргузор гардида, ҳолати омодагиро мавриди таҳлилу баррасӣ ва вазифагузорӣ қарор медиҳанд. Сипас, роҳбарони соҳаҳои барқу тандурустӣ дар бораи вазъи омодагии соҳа барои зимистонгузаронӣ ҳисобот доданд. Барои беҳтар намудани сифати омодагӣ барои зимистонгузаронӣ ва мусоидат дар ҳалли мушкилоти мавҷуда масъулин мавриди вазифагузорӣ қарор гирифтанд.
Заробиддин Файзуллозода, муовини раиси вилояти Хатлон, гуфт, ки фаъолият ва омодагии ҳамаи соҳаҳо ва шаҳру навоҳӣ таҳти назорати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон қарор доранд ва гурӯҳҳои корӣ аз рафти омодагӣ назоратро пурзуртар хоҳанд кард. Ҳадаф аз ин иҷроиши дастуру супоришҳо ва дар сатҳи баланд омода будан ба зимистони дарпешистода мебошад.
Дар қисмати дигари Ситоди вилоятӣ масъалаи таъминоти хонандагон бо либосҳои ягонаи мактабӣ ва шартномабандии муассисаҳои таълимӣ бо корхонаҳои дӯзандагӣ мавриди таҳлил ва вазифагузорӣ қарор дода шуд. Қайд гардид, ки ба масъалаи бастани шартнома бо корхонаҳои ватанӣ, сифати либосҳои мактабӣ ва нарху навои маҳсулот диққати ҷиддӣ дода шавад.
Маблағи либос бояд саривақт таъмин карда, ин раванд дар ҳамкорӣ бо падару модарон дар сатҳи баланд ба роҳ монда шавад. Барои беҳтар кардани сифати корӣ дар масъалаи таъминот бо либосҳои ягонаи мактабӣ ва шартномабандӣ гурӯҳҳои корӣ фаъолият намуда истодаанд.
С. Азиззода, «Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...