Боздиди раиси вилоят аз рафти корҳои сохтмонӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 22 июл, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 560
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Шамсиддин Шоҳин сафари корӣ анҷом доданд.
Нахуст, раиси вилоят аз рафти корҳои сохтмонии бинои бахши Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб” дидан намуданд. Тибқи иттилои масъулин, иншооти мазкур аз тарафи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молия ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бунёд мегардад. Ҳамчунин, дар ин рӯз раиси вилоят Қ. Ҳакимзода аз рафти корҳои сохтмонии коллеҷи ғайридавлатии электронӣ, Кумитаи идораи замин ва Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои минтақаи Кӯлоб боздид намуданд.
Раиси вилоят зимни боздид ба масъулон барои босифат ва дар вақти муайяншуда ба истифода супоридани иншоотҳои мазкур дастур ва тавсияҳои муфид доданд. Қурбон Ҳакимзода баъд аз шиносоӣ аз рафти корҳои сохтмонии иншооти бунёдшаванда дар шаҳри Кӯлоб, ба ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ташриф оварда, аз рафти корҳои сохтмонии бинои Кумитаи идораи замин, Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ ва Майдони нишон ва лавҳаи Қаҳрамонони Тоҷикистон шинос шуданд.
Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин раиси вилоят ба хонаи сокини ноҳия Ниёзмад Ҷомадов, ки қитъаи замини наздиҳавлигиашро самаранок истифода мебарад, меҳмон шуданд. Иттилоъ дода шуд, ки замини наздиҳавлигии Ниёзмад Ҷомадов 6 сотихро ташкил медиҳад, ки дар он 11 намуд маҳсулоти кишоварзӣ, ба мисоли лӯбиёдонагиҳо, сирпиёз, каду, картошка, пиёз, бодиринг ва помидор кишт карда шудааст. Дар назди ҳавлиаш 4 навъи дарахтони мевадиҳанда - гелос, зардолу, себ ва нок парвариш кардааст. Инчунин, дар ҷараёни сафар, раиси вилоят аз Боғи интенсивии ба номи «Боғи Шамс», ки дар шоҳроҳи ноҳия мавқеъ дорад, дидан намуд.
Гуфта шуд, ки боғи мазкур дар масоҳати 1 гектару 40 сотих дар давоми 3 сол бунёд шудааст, ки имсол дарахтон дар ҳолати нашъунамои хуб қарор доранд.
Ф. БОБОЕВ, “Хатлон”
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...