Дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳм гузорем
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 22 июл, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Ҳаёти иҷтимоӣ / Арсаи кишоварзӣ / Хабарҳо, Боздид 760
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо мақсади шиносоӣ аз корхонаҳои истеҳсолӣ, дуруст истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигиву саҳроӣ ва суҳбату мулоқот бо сокинон ба ноҳияҳои Шаҳритус, Носири Хусрав ва Қубодиён ташриф оварданд.
Сараввал, дар ноҳияи Шаҳритус мулоқот бо фаъолону сокинони ноҳияҳои Шаҳритус, Носири Хусрав ва Қубодиён баргузор гардид, ки дар он Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода зимни суханронӣ таъкид доштанд, ки вазъи тағйирёбанда ва пешгӯинашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, баландии бесобиқаи ҳарорати ҳаво ва камобӣ моро водор месозад, ки аз ҳарвақта дида бештар фаъолият намоем.
Саҳми арзандаи худро дар бартарафсозии оқибатҳои он гузошта ва дар пешрафт ва сарсабзии диёр дастбакор бошем. Зимни мулоқот фаъолони ноҳияҳои болозикр, муовини раиси ноҳияи Н. Хусрав, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Шаҳритус, омӯзгор аз ноҳияи Қубодиён доир ба мавзуъҳои мубрами рӯз, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, дастгирии ҷавонон, ба касбомӯзӣ фаро гирифтани ҷавонон, истифодаи самараноки обу замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ баромад намуданд.
Дар фарҷоми мулоқот раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода бо таъкид аз дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раисони ноҳияҳо ва роҳбарони сохторҳо ҷиҳати самаранок ва оқилона истифодабарии замин, бо сифати баланд анҷом додани корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои бахшида ба 31-солагии Истиқлоли давлатӣ сохташаванда дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабиниҳои муҳими сиёсии дарпешистода супоришҳои мушаххас доданд.
Дар доираи сафари корӣ раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар ноҳияи Шаҳритус ба хонаи Мурод Ҳаитов ташриф оварда, бо маданияти истифодабарии замини наздиҳавлигӣ шинос шуданд. Гуфта шуд, ки оилаи Ҳаитовҳо дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлат ҷиҳати самаранок истифода намудани заминҳои наздиҳавлигиро сармашқи кор қарор дода, аз замини ҳавлиашон дар як сол то 3 ҳосил ба даст меоранд. Ҳоло ин оила маводи хӯрокаи дусолаи худро дошта, дар анбори хона маҳсулоти аввалия, афшураи меваю сабзавотҳоро ҷой додаанд.
Тибқи маълумоти шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, дар идомаи сафари корӣ Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси вилоят ба ноҳияи Носири Хусрав ташриф оварда, аз хоҷагии деҳқонии “Васила” ва хоҷагии деҳқонии “Авезбобо”-и Ҷамоати деҳоти “Истиқлол” боздид намуданд. Дар хоҷагии деҳқонии “Васила”, саҳмдорон ба парвариши ангур ва навъҳои серҳосили он машғул мебошанд.
Маҳмадтоир Зокирзода ба хоҷагидорон барои саҳм гузоштан дар таъмини амнияти озуқавории кишвар изҳори сипос намуда, таъкид доштанд, ки дар замони кунунӣ бояд ҳар як деҳқони соҳибзавқ ҳар як ваҷаб замини корамро самаранок истифода бурда, дар ғанигардонии бозори маҳаллӣ бо маҳсулотҳои полезӣ ва дигар анвои истеъмолӣ саҳми арзандаи худро гузорад. Дар доираи сафари корӣ Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси вилоят ба ноҳияи Қубодиён ташриф оварда, аз маданияти истифодабарии замин дар хонадони сокини ноҳия Наҷмиддин Очилдиев шиносоӣ пайдо намуданд.
Оилаи Очилдиевҳо дар Ҷамоати деҳоти “Тахти Сангин”-и ноҳия намунавӣ буда, бо риоя аз омилҳои агротехникӣ аз замини наздиҳавлигии худ маҳсулоти дилхоҳ ба даст оварда, ҳаҷми муайяни маҳсулоти хӯроквории худро барои ду соли оянда низ захира кардаанд. Ҳамчунин, дар ноҳияи Қубодиён гурӯҳи корӣ аз рафти нашъунамои сабзавот дар хоҷагии деҳқонии “Маҳмадиполвон” дидан намуда, ба саҳмдорон баҳри боз ҳам ҷоннок намудани корҳои саҳроӣ маслиҳатҳои муфид доданд.
Дар идомаи сафари корӣ Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба корхонаи “Яхмосбарорӣ”-и ноҳияи Қубодиён ташриф оварда, аз фаъолияти ин корхона боздид намуданд. Корхонаи мазкур дар доираи таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағи 3,3 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Бахтиёр Раҳмонов бунёд гардидааст.
Иқтидори истеҳсолии корхона 40-45 тонна дар як моҳро дар бар мегирад. Дар корхона 20 нафар сокинони маҳаллӣ ба ҷойи кори мавсимӣ ва бо маоши баланд таъмин гардиданд. Айни замон дар корхона 34 намуд яхмос истеҳсол карда мешавад. Маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхона дар бозор ва мағозаҳои ноҳияҳои Қубодиён, Шаҳритус, Носири Хусрав ба савдо бароварда мешаванд.
“Хатлон”
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00