Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Н. Тоҳирзода: “Барои “Облава” ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст”


Н. Тоҳирзода: “Барои “Облава” ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст”



Наврӯз Тоҳирзода, прокурори ҳарбии гарнизони Бохтар дар нишасти хабарии худ ба рӯзноманигорон доир ба пешниҳоди Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бардурӯғ нашру паҳн намудани иттилоъ доир ба шарту шароити артиш, маъракаҳои даъват, аз ҷумла сабти “сарбозшикор” ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудани иттилоъдиҳанда, изҳори норозигӣ намуд.

Аз ҷумла ӯ иброз дошт: “Дар ҳақиқат, дар ҷое, ки камбудӣ ҳаст, доир ба ислоҳи он бояд тадбирҳои зарурӣ андешем. Дар дилхоҳ ҳолат, агар ҳар нафаре, ки оид ба иҳотагирӣ факт дошта бошад, ба мо пешниҳод кунад, мо баррасӣ мекунем. Пешниҳоди Вазорати мудофиа аст, шахсоне, ки бардурӯғ иттилоъро паҳн мекунанд, ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Ба андешаи ман, барои сабти чунин ҳолатҳо бояд ҷавобгарӣ пешбинӣ нашавад”. Ҳамчунин, мавсуф доир ба вазъияте, ки чанд моҳ қабл дар яке аз коллеҷҳои ноҳияи Ёвон рух дода буд, иттилои расмӣ дод: “Вақте ки масъулин барои расонидани пешниҳод дар бораи баъзе имкониятҳои нави хизмати ҳарбӣ ба коллеҷи мазкур рафта, аз тартиботи он ба донишҷӯён иттилоъ доданд, донишҷӯдухтарон фикр карданд, ки писаронро маҷбуран ба хизмати ҳарбӣ бурда истодаанд. Ин нофаҳмӣ бартараф гардид. Хизмат ба Ватан шараф ва қарзи ҷавонмардист. Инро ҷавонони Ёвон дарк намуданд».

Ҷасури ҚИЁМИДИН, “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода