Муъминобод: Истифодаи самараноки заминҳои наздиидоравӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 22 июл, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Арсаи кишоварзӣ / Хабарҳо, Боздид 856
Тайи ду соли охир аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ пайваста таъкид карда мешавад, ки ҳар як ваҷаб замини корам самаранок истифода бурда шавад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо роҳбарон ва фаъолони вилоят дар ноҳияи Данғара супориш доданд, ки заминҳои наздиидоравиро низ дурусту мақсаднок истифода намоянд.
Омӯзгорони МТМУ №31-и ноҳияи Муъминобод дар партави амри Президенти мамлакат амал карда, дар заминҳои назди муассиса барои таъмини ғизои мактабӣ маҳсулоти кишоварзӣ кишт намудаанд. Тибқи иттилои Оятулло Бозоров, директори муасисиса, имсол қариб ҳама намуди маҳсулоти кишоварзиро кишт намудаанд. Ба хотири таъмини ғизои мактабӣ онҳо дар 20 сотих картошка ва 15 сотих лӯбиё, инчунин, панҷ сотих помидор ва дар 1 сотих гармхонаи зериплёнка бодиринг кишт кардаанд.
-То ба имрӯз аз 15 сотих 300 килограмм картошка ҷамъоварӣ намудем. Дар қитъаҳои холишуда рӯзҳои наздик кишти маккаро ба роҳ мемонем. Аз сабаби минтақаи кӯҳӣ будан помидор то ба ҳол напухтааст. Ният дорем, ки аз помидор барои ғизои мактаббачагон қиёми помидор омода кунем. Ҳосили бодиринг ва дигар маҳсулотро ба қадри лозима захира карда, боқимондаи онро фурӯхта, як синфхона, ошхона ва маҷлисгоҳи муассисаро таъмири асосӣ карда истодаем, - гуфт Оятулло Бозоров, директори МТМУ №31.
Аз боғи саҳни мактаб то ба имрӯз 70 кг олучабандак, 100 кг олу ҷамъоварӣ карда, то охири сол то 500 кг себу нокро хушк карда захира мекунанд. Онҳо ба ин минвол ба кӯдакони синфҳои 1-4 дар баробари ғизо нӯшоба тайёр карда медиҳанд. Оятулло Бозоров мегӯяд: “Мо ҳамаи имкониятҳоро дуруст истифода карда, аз заминҳои муассисса хӯроки мактабиро таъмин мекунем.
Дигар ҳоҷат нест, ки аз Ассосиатсияи падару модарон маблағи ғизои мактабиро ҷамъоварӣ кунем”. Ҳамин аст, ки дар заминҳои дохилимактабӣ як гармхонаи зериплёнкаи доимамалкунанда ташкил карда шудааст, ки 1 сотихро ташкил медиҳад. Ин гармхона бо маблағи 68 ҳазор сомонӣ бунёд гашта, дар доираи Барномаи озуқавории СММ (БОҶ), “Барномаи ғизои мактабӣ” ташкил шудааст. Дар гармхонаи мазкур ҳоло кишти бодиринг ба роҳ монда шудааст.
Набиҷони Саидаброр, “Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00