Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Баррасии ҳамкориҳо миёни вилоятҳои Хатлони Тоҷикистон ва Лебапи Туркманистон


Баррасии ҳамкориҳо миёни вилоятҳои Хатлони Тоҷикистон ва Лебапи Туркманистон



Нимаи дуюми рӯзи 8 июл, мулоқоти онлайнии ҳайати вилояти Хатлон таҳти роҳбарии муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ бо муовини раиси вилояти Лебапи Туркманистон Шуҳрат Хоҷаназаров сурат гирифт.

Баррасии раванди иҷрои Созишнома байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлони Тоҷикистон ва ҳокимияти вилояти Лебапи Туркманистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ масъалаи меҳварии мулоқоти мазкур буд.

Муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ зимни ин гуфтугӯ изҳор кард, ки дар таҳкими муносиботи шарикӣ ва дӯстона миёни Тоҷикистону Туркманистон роҳбарони ду давлат нақши калидӣ доранд. Махсусан, сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон, ки 3-5 августи соли 2021 сурат гирифт, барои рушд ва тавсеаи ҳамкориҳо миёни ду кишвар заминаи мусоид фароҳам овард.

Зимни мулоқот қайд гардид, ки дар вилояти Хатлон ҷамъияти туркманҳо фаъолият мекунад, ки 25 ҳазор узв дорад. Дар ҳудуди вилоят 6 муассисаи таълимии тоҷикӣ-туркманӣ мавҷуданд, ки фарзандони туркмантабор бо забони модарии худ таҳсил карда метавонанд. Инчунин беш аз 100 донишҷӯйи туркман дар мактабҳои олии мо таҳсил мекунанд.

Муовини раиси вилояти Лебапи Туркманистон Шуҳрат Хоҷаназаров дар навбати худ оид ба имкониятҳои рушди ҳамкорӣ миёни вилоятҳои Лебапу Хатлон дар доираи Созишнома оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ сухан гуфт. Вай изҳор дошт, ки ҷониби вилояти Лебапи Туркманистон барои барқарор намудани робитаҳои мустақим байни муассисаҳои фарҳангӣ, тандурустӣ, маориф, варзиш ва сайёҳӣ ҳавасманд мебошад.

“Ҳамзамон, вилояти мо дар самти истеҳсоли маводи сӯзишворию энергетикӣ, коркарди нафту истихроҷи газ, саноати кимиё, матоъҳои шоҳӣ дар Туркманистон пешсаф мебошад, ки дар ин самтҳо низ ҳамкории мутақобилан судмандро бо вилояти Хатлон роҳандозӣ кардан имконпазир аст”, - афзуд Ш. Хоҷаназаров зимни муаррифии имкониятҳои иқтисодию тиҷоратии вилояти Лебапи Туркманистон.

Дар ин мулоқоти онлайнӣ, ҳамчунин зарфиятҳои иқтисодии вилояти Хатлон муаррифӣ гардида, дар бораи самтҳои ояндадор ва судманди ҳамкорӣ миёни доираҳои тиҷоратии ду вилоят маълумот дода шуд. Қайд гардид, ки дар доираи ҳамкорӣ бо 31 кишвари хориҷӣ ба вилояти Хатлон 624,2 миллион доллари ИМА сармоя ворид шудааст.

Муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ изҳори итминон кард, ки идома додани муколама миёни роҳбарият ва доираҳои соҳибкории ду вилояти кишварҳои дӯсти Тоҷикистону Туркманистон барои таҳким бахшидани муносибатҳо ва татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ байни вилоятҳои Хатлон ва Лебап мусоидат мекунад.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистону Туркманистон шарикии стратегӣ дошта, беш аз 110 санади батасвибрасида ҳамкории ду кишварро дар самтҳои мухталиф ҳамоҳанг мекунанд.

Н. МАЪМУРЗОДА,
«Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода