Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Чанд далел оид ба аҳамият ва раванди сохтмони иншооти аср – НБО “Роғун”


Чанд далел оид ба аҳамият ва раванди сохтмони иншооти аср – НБО “Роғун”



Иншооти «Роғун» бо иқтидори 3600 мегаватт ва ғунҷоиши 13,3 километри мукааб об дар обанбори он, дар ҳақиқат метавонад барои ҳаллу фасли масъалаҳои обу энергетика дар минтақа нақши арзишманд дошта бошад.

Бунёди иншооти энергетикӣ дар дарёҳои Тоҷикистон, пеш аз ҳама, ба таъмини тавозун байни масъалаҳои обӣ ва энергетикӣ равона шуда, дар ояндаи наздик ба ягона роҳи паст кардани зарар ва камобиву обхезиҳои эҳтимолӣ дар ҷараёни миёна ва поёноби Амударё табдил хоҳад ёфт. Иншооти мазкур имкон медиҳад, ки дар кишварҳои поёноб обёрии заминҳои дар истифода қарордошта ва азхудкунии заминҳои нав таъмин карда шавад.

Баъди пурра ба кор даровардани Неругоҳи барқи обии «Роғун» иқтидори энергетикии Тоҷикистон ба зиёда аз 9781 мегаватт мерасад, яъне 60 фоиз меафзояд ва мо ба истиқлоли комили энергетикӣ ноил мегардем.

Аз оғози фаъолияти ду агрегати НБО “Роғун” (2016-2017) то ба имрӯз зиёда аз 4,6 миллиард киловатт – соат неруи барқ истеҳсол гардидааст. Ҳамасола дар сатҳи на камтар аз 7 фоиз рушд ёфтани иқтисодиёти кишвар боиси афзоиши талаботи солона ба неруи барқ дар ҳаҷми 2-2,5% мегардад.

Барои корҳои барқарорсозӣ ва сохтмону васлгарии неругоҳи барқи обии «Роғун» тайи солҳои 2008-2021 аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар манбаъҳо беш аз 31 миллиард сомонӣ маблағ равона карда шудааст.

Дар соли 2022 барои идомаи сохтмони неругоҳ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ боз 2,6 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардида, Ҳукумати мамлакат ҷиҳати ҷалби маблағҳои иловагӣ тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст.

Ҳоло дар сохтмон 10 ҳазору 517 нафар коргарон ва кормандони муҳандисиву техникӣ, аз ҷумла 332нафар мутахассисони хориҷӣ фаъолият доранд, ки 97 фоизи онҳоро коргарону мутахассисони ватанӣ ташкил медиҳанд.

Шумораи мошину механизмҳое, ки дар сохтмон истифода мешаванд,3219 адад мебошад.

Аз оғози соли ҷорӣ барои пардохти корҳои сохтмону васлгарӣ, лоиҳакашию таҳқиқотӣ, хариди таҷҳизот, молу масолеҳи сохтмон ва дигар хизматрасониҳо, дар маҷмуъ, 1 миллиарду 200 миллион сомонӣ маблағгузорӣ гардидааст.

Бунёди сарбанд – яке аз иншооти муҳимми неругоҳ ба уҳдаи ширкати «Вибилд»-и Италия вогузор гардидааст. Тибқи маълумот, дар минтақаи сарбанди неругоҳ то имрӯз дар ҳаҷми 16,7 миллион метри мукааб мавод хобонида шудааст.

* Ҳоло дар 51 қитъаи гуногуни неругоҳи «Роғун» қариб 36 000 асбоби санҷишу ченкунӣ васлу насб карда шудааст. Дар атрофи иншоот ва обанбори неругоҳҳои «Роғун» ва «Норак» 11 пойгоҳи сейсмикии рақамии моҳворавӣ бо маркази сейсмикии Ҷамъияти саҳҳомии «Неругоҳи барқии обии «Роғун» васлу насб гардида, бо хатти баландсуръати интернет ба маркази сейсмикии Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пайваст карда шудаанд.

* Дар давоми даҳ соли охир бо мақсади кӯчонидани аҳолӣ аз минтақаи зериобшавандаи неругоҳи барқи обии «Роғун» мутобиқи қонунҳои Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҳукумати мамлакат ва талаботи Бонки Умумиҷаҳонӣ дар марҳалаҳои якум ва дуюм, дар маҷмуъ, 2726 оила бо шумораи 12 540 нафар аҳолӣ кӯчонида шудааст ва ҳоло дар манзилҳои нави доимӣ истиқомат дошта, бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин гардидааст.

* Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ мебошад, ки яке аз манбаъҳои асосии барқароршавандаи энергия ва истеҳсоли «энергияи сабз» ба шумор меравад. Дар кишвари мо 98 фоизи неруи барқ бо истифода аз захираҳои об истеҳсол мегардад ва Тоҷикистон аз рӯйи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз» шашум мамлакати пешсафи сайёра мебошад.

Инчунин, Тоҷикистон аз рӯйи кам будани ҳаҷми партови газҳои гулхонаӣ низ дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои баландтаринро ишғол мекунад. Аз ин лиҳоз, истеҳсоли ҳарчи бештар ва истифодаи васеи «энергияи сабз» аз ҷумлаи афзалиятҳои рақобатнокии иқтисоди кишвари мо ба ҳисоб меравад.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода