Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ДУ НАМУДИ АНДОЗ ДАР ВИЛОЯТ ИҶРО НАГАРДИД


ДУ НАМУДИ АНДОЗ ДАР ВИЛОЯТ ИҶРО НАГАРДИД




Дар нимсолаи аввали соли 2022 дар вилоят иҷроиши нақшаи ду намуди андозҳо таъмин нагардидааст. Аз ҷумла, андоз аз арзиши иловашуда 93 фоиз ва андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 95 фоиз, ки дар натиҷа аз ин ҳисоб ба буҷет 20,0 миллион сомонӣ ворид нашудааст.

Соҳиб Раҷабов, сардори Раёсати андози вилоят зимни ироаи ин хабар дар нишастӣ матбуотӣ гуфт, ки дар ин давра иҷроиши нақшаи қисми даромади буҷет дар ноҳияи  А. Ҷомӣ ба андозаи 96 фоиз ва шаҳри Норак 74 фоиз таъмин карда шудааст, ки аз ин ҳисоб ба буҷет 14,6 миллион сомонӣ ворид нагардид.

- Дар ин давра 11 адад шаҳру ноҳияҳо иҷрои нақшаи андози иҷтимоӣ аз ҳисоби корхонаҳои ғайрибуҷетиро таъмин накарданд. Аз ҷумла, Кӯшониён 86 фоиз, Хуросон 93 фоиз, Қубодиён 98 фоиз, Ҷ. Балхӣ 94 фоиз, А. Ҷомӣ 80 фоиз, Ёвон 82 фоиз, Левакант 89 фоиз, Кӯлоб 89 фоиз, Восеъ 96 фоиз, Фархор 88 фоиз ва Норак 82 фоиз таъмин гардидааст, ки дар маҷмуъ аз ин ҳисоб ба даромади буҷети Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 12,1 миллион сомонӣ ворид нагардид, - зикр намуд Соҳиб Раҷабов.

Ҳамчунин, иттилоъ дода шуд, ки бақияи қарзи андозҳо дар сатҳи вилоят ба ҳолати 1 июли соли 2022 дар маҷмуъ ба маблағи 178,4 миллион сомониро ташкил дода, нисбат ба аввали соли ҷорӣ ба маблағи 4,4 миллион сомонӣ кам гардидааст. Дар сатҳи 22 шаҳру ноҳияҳо дар алоҳидагӣ бақияи қарзи андозҳо дар ҳаҷми 7,1 миллион сомонӣ кам гардида, мутаассифона дар шаҳр ва ноҳияҳои Бохтар 870,0 ҳазор сомонӣ, Дӯстӣ 702,9 ҳазор сомонӣ ва Темурмалик 1,1 миллион сомонӣ зиёд гардидааст.

Ф. БОБОЕВ, “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода