129 СОҲИБКОРИ НУҚТАҲОИ САВДО, ХӮРОКИ УМУМӢ ВА НУҚТАҲОИ ФУРӮШИ СӮЗИШВОРӢ ҶАРИМА БА МАБЛАҒИ 25216 ШУДАНД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 16 июл, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 580
- Мо ҳамеша дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, таъмини бехатарии бозори истеъмолӣ, мусоидат ба рушди соҳибкорӣ, баланд бардоштани сифати кору хизматрасонӣ корҳои назаррасро ба сомон расонида истодем, - дар ин бора Ҷурахон Сайдализода, сардори Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои минтақаи Кӯлоб дар нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.
Зимни нишаст гуфта шуд, ки аз ҷониби мутахассисони шуъбаи санҷиш оид ба риояи талаботи регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ дар маҷмааи агросаноатӣ тибқи нақша дар ин давра барои риояи талаботи қонунҳои амалкунанда, стандартҳои давлатӣ ва ҷорӣ намудани онҳо фаъолияти 19 корхонаву ташкилот ва соҳибкорон мавриди санҷиш қарор гирифта шуданд.
Ҷурахон Сайдализода дар идома зикр дошт, ки барои риоя накардани қоидаҳои савдо ба 129 соҳибкори нуқтаҳои савдо, хӯроки умумӣ ва нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷарима ба маблағи 25216 сомонӣ муқаррар намуданд. Ҳамзамон, дар ин давра аз ҷониби мутахассисони шуъбаи нозироти савдо аз 58 нуқтаҳои фурӯши хӯрокворӣ намуна барои ташхис гирифтанд. Аз намунаҳои гирифташуда дар 48 ҳолат маҳсулотҳои хӯрокворӣ ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҷавобгӯ набуданд. Аз ҷумла: қаннодӣ 122 кг, маҳсулоти ғайримашруботӣ 55 литр, чой 2 кг, маҳсулоти ширӣ 6,5 кг, маҳсулоти гӯштӣ 2 кг, хӯриш 2 кг, маска 1 кг, нӯшокиҳои машруботӣ 35 литр, маҳсулоти сохтмонӣ (ширеш) 21 кг, кафк 24 кг, ранг 10 кг аз тарафи мутахассисон аз муомилот гирифта шуд.
Ҷаҳонгиршоҳ Рустамшоҳ,
“Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00