Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ҶСК “ФУРУДГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КӮЛОБ”: 441 150 СОМОНӢ КУМАКПУЛӢ БА НИЁЗМАНДОН


ҶСК “ФУРУДГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КӮЛОБ”: 441 150 СОМОНӢ КУМАКПУЛӢ БА НИЁЗМАНДОН



- Имсол нисбат ба ҳамин давраи соли ҷорӣ 4 758 726 сомонӣ зиёд ба буҷети ҷумҳурӣ маблағ ворид карда шуд, - гуфт Ҳомидзода Нуралӣ, директори генералии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб” зимни нишасти матбуотӣ. 

Маблағи ба буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидаи ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб” дар нимсолаи аввали соли 2022-юм 10 150 856 сомонӣ (дар нимсолаи аввали соли 2021-ум 5 392 130 сомонӣ)-ро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ба маблағи 5 758 726 сомонӣ ё 188, 3% зиёд мебошад.” 

Аз ҳисоби ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб” айни ҳол 4 нафар донишҷӯ- як нафар дар Донишгоҳи авиатсионии шаҳри Қазони Федератсияи Россия, як нафар дар Академияи авиатсияи граждании шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларусия ва ду нафар дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ таҳсил доранд.

Дар нишаст иттилоъ дода шуд, ки дар нимсолаи аввали соли 2022 ба 149 322 нафар мусофир (дар нимсолаи аввали соли 2021-ум ба 56 528 нафар) хизмат расонидааст. Дар шаш моҳи сипаригардида 466 хатсайр иҷро шуд (дар нимсолаи аввали соли 2021 – ум 310 адад), яъне назар ба ҳамин давраи соли 2021-ум  150,3% ё 156 хатсайр зиёд аст.

Ҳомидзода Нуралӣ, директори генералии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб” гуфт, ки ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳо ба муносибати иду ҷашнҳо ба ниёзмандону беморон ва кӯдакони ятиму барҷомондагон 441 150 сомонӣ кумакпулӣ ва 14 000 сомонӣ мукофотпулӣ дода шудааст, ки дар маҷмӯъ 455 150 сомониро ташкил медиҳад.

Ҷаҳонгиршоҳ Рустамшоҳ, 
“Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода