Муколамаи давлат ва бахши хусусӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 07 июл, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 624
Дар маҷлисгоҳи Мақомоти ироияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон муколамаи намояндагони мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ дар вилояти Хатлон баргузор шуд.
Ҷаласа таҳти раёсати муовини раиси вилоят Акрам Сулаймонзода доир гашта, дар он аъзои Шӯрои машваратӣ, намояндагони бахши хусусӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятию байналмилалӣ, роҳбарони сохторҳои дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят иштирок карданд.
Дар ҷаласаи дуюми ҳамоҳангсозии фаъолият бо барномаҳои шарикони рушд, дар доираи муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар вилояти Хатлон аз ҷумла ташаббуси гузаронидани Форуми сармоягузорию иқтисодӣ дар шаҳри Кӯлоб мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Котиби Шӯрои машваратӣ Зафар Ализода дар ҷаласа вобаста ба натиҷаи фаъолияти гурӯҳҳои кории Шӯро дар самти таҳлил ва омода намудани тавсияву пешниҳодот оид ба рушди боғу токпарварӣ ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ маълумот дод.
Муовини раиси вилоят А. Сулаймонзода ба намояндагони шарикони рушд муроҷиат намуда, онҳоро ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолият дар ин самт даъват кард. Намояндагони барномаҳои шарикони рушд омодагии хешро барои мусоидат дар татбиқи барномаҳо ва баргузории Форуми сармоягузорӣ дар Кӯлоб иброз намуданд.
www. khatlon-ruznoma.tj
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00