Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Аз чангу ғубор эҳтиёт кунед


Аз чангу ғубор эҳтиёт кунед



Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинони мамлакат мерасонад, ки номусоидии вазъи ҳаво ва чангу ғубор дар ноҳияҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ то 7 июли соли равон боқӣ мемонад.

Дар ин рӯзҳо ҳаво дар водиҳои вилояти Хатлон шабона 21+26 дараҷа гарм, рӯзона 36+41 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 16+21 дараҷа гарм ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад ва чангу ғубор боқӣ мемонад.

Бояд гуфт, дар асоси омӯзишҳои илмии экологӣ ва тандурустӣ дар чунин рӯзҳои олуда бояд шаҳрвандони Тоҷикистон ҳаддалимкон аз ниқобҳо истифода намоянд. Ҳавои мазкур махсусан барои одамони аз 60-сола боло таъсири манфӣ дорад. Дар ин гуна вазъи ҳаво нафароне, ки гирифтори бемориҳои роҳҳои нафас, диққи нафас ва гирифтори ҳассосият ҳастанд, бояд эҳтиёткор бошанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ҳамин иртибот тавсия медиҳад, ки ронандагон ва дӯстдорони сайёҳиву гардишгарон бояд дар ин гуна рӯзҳои пурчанг суръати ҳаракат дар роҳҳо, техникаи бехатарии ҳаракат дар роҳҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ, саҳроҳои доманфарохро риоя намоянд. Риояи фосила байни мошинҳо хеле муҳим аст, чун эҳтимоли резиши санг аз кӯҳҳо низ зиёд аст. Чанд тавсия ба аҳолӣ барои пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохуш дар чунин ҳолатҳо:

1. Бештар оби тоза нӯшед, ҳатто рӯзе на камтар аз 2-2,5 литр ва аз ин агар 0,5 литр оби минералӣ бошад, боз беҳтар аст.

2. То ҳадди имкон тирезаҳои хонаатонро пӯшед. Агар шумо мехоҳед ҳавои хонаро тоза кунед, пас бидонед, ки бадтарин лаҳзаҳо соатҳои аввали субҳанд, вақте ҳамаи модаҳои муаллақи хатарнок ба нишаст ба замин мутамарказ мешавад. Наздик ба нисфирӯзӣ қисмати болоии замин гарм мешавад ва зери таъсири ҳавои гарм ин модаҳои муаллақ боло мераванд. Ғайр аз ин, шумо метавонед тирезаҳои худро бо дока ва ё тӯр бипӯшед ва хатари вуруди ҳар гуна модаи хатарнок кам мешавад. Аммо ҳамвора онҳоро бояд намнок нигоҳ доред.

3. Ҳамешаву пайваста ҳавои дохили хонаро поку тоза нигоҳ доред, бо латтаи нарму нам тоза кардани фарш ва тирезаҳоро фаромӯш накунед.

4. Духтурон дар ин гуна рӯзҳо пӯшидани ҳар гуна айнакҳои иртиботиро иҷозат намедиҳанд.

5. Ба онҳое, ки гирифтори бемориҳои диққи нафас ва роҳи нафасанд, тавсия дода мешавад: дозаи доруҳои истеъмолиро дар ин рӯзҳо коҳиш надиҳед, ҳамеша бо худ ингаляторҳо дошта бошед, агар талабот ба ингаляторҳо аз 4-6 маротиба дар як рӯз зиёд шавад, ҳатман ба духтур муроҷиат намоед.


www. khatlon-ruznoma.tj 

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода