Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Ҷавонон зидди маводи нашъаовар


Ҷавонон зидди маводи нашъаовар



Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва амалишавии “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” дар театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб чорабинии муштараки Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Корвони зидди мухаддиротӣ-2022” баргузор гардид.

Дар чорабинӣ муовини раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзу, сардори шуъбаи назорати муомилоти маводи нашъаовари Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарализода Бозоралӣ, сардори шуъбаи байниноҳиявии Кӯлоби Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Азим, директори ташкилоти ҷамъиятии хонаи ҷавонон Фарҳод Шарифӣ, намояндаи Созмони Амният ва Ҳамкорӣ бо Аврупо дар Тоҷикистон Баҳром Алимов ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.

Сардори шуъбаи назорати муомилоти маводи нашъаовари Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарализода Бозоралӣ қайд кард, ки бо ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор Агентӣ ва дигар мақомоти дахлдор фаъолияти оштинопазири худро бар зидди қочоқ, интиқол ва паҳншавии маводи мухаддир, бахусус истеъмоли он ба роҳ монда, пайваста дар ин самт тадбирҳои зарурӣ меандешанд.

Бояд қайд намоем, дар доираи чорабинӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди сӯистеъмоли маводи нашъадор ва муомилоти ғайриқонунии он мусобиқаҳои варзишӣ оид ба гӯштини тарзи озод байни варзишгарони муассисаҳои варзишии шаҳри Кӯлоб ташкил карда шуд.

Ба ғолибони ин мусобиқа ва ҳамчунин, ба нафароне, ки барои дар сатҳи баланд доир намудани чорабинии муштарак саҳми босазо гузоштаанд, Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд. Дар қисмати дигари чорабинӣ ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳри Кӯлоб барномаи омоданамудаи хешро барои болидарӯҳии иштирокчиён манзур намуданд.

Дар хотимаи чорабинӣ аз ҷониби ҳунармандони Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов намоишномаи тарбиявӣ оид ба пешгирии нашъамандӣ бо номи “Модар, маро бубахш” пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд.

Шамсия Наврӯзова,
мутахассиси пешбари бахши матбуоти МИҲД-и шаҳри Кӯлоб

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода