Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Саида: «Зиндагиам аз қурутфурӯшӣ пеш меравад»


Саида: «Зиндагиам аз қурутфурӯшӣ пеш меравад»



Саида Муродова ҳар рӯз 10 километр роҳро тай карда, аз маркази ноҳияи Ёвон ба деҳаи Ширинчашма меравад. Ӯ дар он ҷо коргоҳи нави истеҳсоли қурутро бунёд намудааст. Дар ин коргоҳ онҳо қурутро бо шакли замонавӣ истеҳсол мекунанд. Занҳои деҳот қурутро дар муддати як ҳафта хушк карда мегиранд. Вале қаҳрамони мо бошад, дар муддати 5 соат қурутро омода, доирашакл ва хушк карда, пешкаши мизоҷ мегардонад.

Саида Муродова чанд сол қабл дар шароити хона бо даст қурут омода мекард. Ӯ шири говҳои хонаи хушдоманашро ҷӯшида, аз он ҷурғоту маска ва чаккаю қурут омода мекард. -Пештар чаккаро то вақти ҷудо шудани зардобаш дар халтаи махсус нигоҳ медоштем. Сипас, ба он намак илова намуда, дар табақи калон меандохтем. Чаккаро мешуридем ва баъд ба омода кардани қурут оғоз мекардем. Як худам аз уҳдаи ин кор намебаромадам ва барои ҳамин се-чор зани дигар ба ман ёрӣ мерасониданд, - мегӯяд Саида Муродова.

Дар шароити деҳот манбаи даромади бештари занҳои хонанишин аз савдои маҳсулоти ширӣ, махсусан қурут аст. Онҳо бо ин роҳ шароити оилаи худро беҳтар мекунанд. Як дона қурутро аз 50 дирам то ба ду сомонӣ мефурӯшанд. Холаи Саида қурутҳои омодакардаи худро бо ченаки килограмм низ ба фурӯш мебарорад. Ҳар як килограмми он 40 сомонӣ арзиш дорад. Маҳз зиёд шудани талабот ба қурути деҳот буд, ки холаи Саида истеҳсоли қурутро бештар намуд.

Оҳиста-оҳиста аз ҳамсояҳо чаккаю ҷурғот ҷамъ карда, қурутҳои ҳаҷмашон гуногунро пешниҳоди мизоҷон мекард. Тибқи маълумоти оморӣ ҳамасола дар вилояти Хатлон 330 ҳазор тонна шир истеҳсол карда мешавад. Аз ин шумора корхонаҳои коркарди шир метавонанд танҳо 15%-ашро истифода баранд. Боқӣ 85 дарсади дигар дар шароити хона бо пурра риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ тайёр карда мешаванд.

Ҳамин аст, ки содироти ин намуди маҳсулот кам ба назар мерасад. Бо мақсади ба бозори ҷаҳонӣ ворид намудани қурути тоҷикӣ дар доираи панҷсолаи рушди саноат дар Тоҷикистон моҳи апрели соли 2022 бо дастгирии шарикони рушд ба 10 корхонаи хурду бузурги ширӣ, ки роҳбаронашон зан ҳастанд, барои истеҳсоли қурут тахминан 95 ҳазор доллар грант ҷудо карда шуд. Бо ин маблағ онҳо таҷҳизоти истеҳсоли қурут харидорӣ карданд. Маврид ба зикр аст, ки пас аз ба фаъолият шурӯъ кардани ин корхонаҳо тақрибан 50 зани хонашин ба кор ҷалб гардида, садҳо оилаи дигар дар деҳот чаккаи истеҳсолкардаи худро ба ин корхонаҳо супорида, фоида ба даст меоранд.

Ба холаи Саида ҳам аз ҷониби лоиҳаи рушди агробизнес дар Тоҷикистон дастгоҳи автоматикунонидашудаи истеҳсоли қурут туҳфа карда шуд. Акнун кори холаи Саида осон гардида, дар фаъолияташ дигаргунии ҷиддӣ ба назар мерасад. Ӯ ҳоло метавонад кори 3-4-соатае, ки ҳамроҳи чанд нафар анҷом медод, дар ним соат ба анҷом расонад. Ин дастгоҳ дар муддати ним соат метавонад қурутро доирашакл ва хушк кунад.

- Мо қаблан дар шароити хона ин корро анҷом медодем, ки он вақти зиёд ва қувваи бештарро талаб мекард. Айни замон танҳо ду нафар ҳамаи корро дар ним соат анҷом медиҳем. Масалан, агар мо пеш 100 килограмм чаккаро як рӯз, аз субҳ то шом, чанднафара омода мекардем, ҳоло ин кор вақти камро мегирад, - афзуд дар давоми суҳбат Саида Муродова. Ин дастгоҳҳо ҳар яке кори махсусро иҷро мекунанд. Яке барои омехта кардани чакка, дигаре барои қолаб сохтан, сеюмӣ барои хушк кардан ва ниҳоят барои сафеду баробар шудани қурут махсус гардонида шудааст.

Саида қурутҳоро дар халтачаҳои махсус бо риояи меъёрҳои байналмилалӣ бандубаст карда, ба фурӯш мебарорад. Дар зодгоҳаш бошад, бо қурутобхонаҳо шартнома баста, қурут мефурӯшад. Холаи Саида дар оянда ният дорад, ки коргоҳи худ-ро васеътар намуда, ҳарчи бештар занҳои хонашинро ба кор ҷалб созад. Илова бар ин, нақша дорад, ки бо васеъ шудани корхона як сехи дӯзандагӣ бунёд намояд ва бештари занҳои деҳотро ба шуғл фаро гирад.

Набиҷони САИДАБРОР, «Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода