Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Дар як сол - се ҳосил


Дар як сол - се ҳосил



Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 18 июн зимни вохӯрӣ бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара таъкид карданд, ки бо дарназардошти вазъи мураккаби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва тағйирёбии иқлим болоравии нарху навои маҳсулоти ғизоӣ дар бозори ҷаҳонӣ нигаронкунанда мебошад.

Барои амалӣ намудани ин тадбир, деҳқонон ва ҳар як оиларо мебояд, ки дастаҷамъона заминҳои корамро истифода намуда, ҷиҳати баланд бардоштани ҳосилнокии маҳсулоти ватанӣ ва таъмини бозор бо маводи озуқа саҳм гузоранд. Бо ин мақсад дар хоҷагии деҳқонии “Салимҷон”-и ноҳияи Дӯстӣ, роҳбараш Маҳмурод Шоҳҳасанов, ки дар ихтиёри худ 2 га замини саҳмиявӣ дорад, ҳосили гандумро ҷамъоварӣ намуда, дар ҳоли ҳозир бошад, ба кишт ва нигоҳубини навъи пахтаи “Флора” машғул ҳастанд.

Чи хеле ки худи ӯ мегӯяд: “Дар як сол 3 маротиба ҳосил мегирем ва дар замини наздиҳавлигӣ картошка, пиёз, лӯбиё, мош, сабзӣ, бодиринг, помидор, инчунин дигар намуди зироату сабзавоти тару тоза парвариш мекунем”. Ҳамчунин, М. Шоҳҳасанов дар ҳавлиаш боғи мева, анор, зардолу, олу, гелос, анҷир дорад, ки бонувони оила аз маҳсулоти ба даст меоварда дар хона консерва ва хушкмеваҳо омода намуда, барои зимистон захира мекунанд. Гуфтан ба маврид аст, ки ҳамасола онҳо баъди ҷамъоварӣ, бештар анорро ба бозор ба фурӯш мебароранд.

Шамсия ФАЙЗУЛЛОЕВА,
таҷрибаомӯзи “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода