Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Туҳфаи раиси вилоят ба иштирокчиёни озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»


Туҳфаи раиси вилоят ба иштирокчиёни озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»



Ба 1000 нафар иштирокчии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» шакли электронии китобҳои бадеии алоқаманд ба номинатсияҳои озмуни мазкур тақдим гардид. Ин ташаббус бо дастури раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аз тарафи Раёсати маорифи вилояти Хатлон амалӣ карда шуд.

Раёсати маорифи вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди Раёсат, муассисаи таҳсилоти иловагии вилояти Хатлон шакли электронии китобҳои бадеиро, ки беш аз 10 ҳазор номгӯй дар ҳар як бастаи фитаҳо ҷой дода шудааст, таҳия ва ба масъулони шуъбаву бахшҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо дастрас намуданд. Ёдовар бояд гардид, ки Раёсати маорифи вилояти Хатлон бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои иштирокчиёни озмунҳои ҷумҳуриявӣ шароити мусоидро фароҳам оварда, як қатор тадбирҳои муҳимро роҳандозӣ кардааст. Аз он ҷумла, маротибаи чанд намоиш - фурӯши китобҳои бадеиро ташкил кард, ки иштирокчиёни озмун китобҳои лозимаро дастрас карда тавонанд.

Акнун, қадами навбатиро дар ин росто бо тақсимоти маҷмӯи китобҳои электронӣ дар бастаи фитаҳо гузошт. Бо дастрас намудани маҷмӯи китобҳои электронӣ танқисии дастрасӣ ба китобҳои бадеӣ барои иштирокчиёни озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз байн хоҳад рафт. Ин барои сифатнокии таъминоти иштирокчиён дар озмун ва беҳтар кардани омодагии онҳо мусоидат хоҳад кард.

С. АЗИЗЗОДА, «Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода