Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Мушкилоти ҷойдошта ҳалшавандаанд танҳо хоҳишу масъулият мебояд


Мушкилоти ҷойдошта ҳалшавандаанд танҳо хоҳишу масъулият мебояд



Дар коллеҷи тиббии инноватсионии шаҳри Бохтар бо иштироки муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода ва муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ қабули сайёри шаҳрвандон баргузор гардид, ки 40 нафар роҷеъ ба мушкилоти худ ба масъулин муроҷиат намуданд.

Дар қабули сайёри шаҳрвандон муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар, сардорони раёсат, шуъба ва бахшҳои дастгоҳи марказии вазорат ва роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат иштирок доштанд.

Зимни қабули шаҳрвандон оид ба дастгирӣ ва имтиёзи омӯзгорон, бунёди мактабҳо дар маҳаллаҳои дурдаст, сохтмони биноҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо мизу курсӣ ва компютерҳо, ташкили марказҳои инкишофи кӯдак, дастрас намудани дастурамалу маводҳои методӣ ва ёрирасон барои кормандони муассисаҳои таҳсилоти томактабиву марказҳои инкишофи кӯдак, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо китобҳои дарсӣ, таъмини адабиёти таълимӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд, ҷудо намудани воҳидҳои корӣ барои фаъолияти равоншиносон дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, қадршиносии омӯзгорони собиқадор бо нишонҳои соҳавӣ ва дигар матлабҳо дархосту муроҷиат намуданд.

Дар фароварди қабули сайёри шаҳрвандон муовини якуми вазири маориф ва илми кишвар ва муовини раиси вилояти Хатлон ба масъулин оид ба рафъи мушкилот ва ҳаллу фасли саривақтии муаммоҳои ҷойдошта, инчунин дигар масъалаҳои муҳим супоришҳои мушаххас доданд.

«Хатлон

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода