Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Ҳайати Хатлон дар намоишгоҳи “Иннопром-2022”


Ҳайати Хатлон дар намоишгоҳи “Иннопром-2022”



Ҳайати вилояти Хатлон таҳти роҳбарии муовини раиси вилоят Акрам Сулаймонзода дар намоишгоҳи XII байналмилалии “Иннопром-2022”, ки рӯзи душанбе, 4 июл, дар шаҳри Екатеринбурги Россия оғоз гардид, иштирок доранд.

Мавзуи намоишгоҳи имсола “Гузариши саноатӣ: аз мушкилот то имкониятҳои навин” ном дошта, дар намоишгоҳи чоррӯза ҳудуди 500 нафар аз 30 кишвари ҷаҳон ширкат меварзанд. Дар намоишгоҳи байналмилалӣ, ҳамчунин директори Агентии содироти Тоҷикистон Шавкат Бобозода, раиси Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон Фарҳод Расулзода, сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилоят Қурбоналӣ Қурбонзода ва соҳибкорони ватанӣ аз бахшҳои мухталифи фаъолият шомиланд. Акрам Сулаймонзода зимни муаррифии имкониятҳои вилояти Хатлон дар вохӯриҳои рӯзи аввали намоишгоҳ гуфт, ки маҳз дар ҳамин минтақаи мамлакат калонтарин комплекси неругоҳҳои барқи обии Тоҷикистон воқеъ аст. Дар вилояти Хатлон саноати сабук, хӯрокворӣ, кимиё, электротехникӣ ва коркарди металл, инчунин истихроҷи газ, нафт ва намаки сангӣ рушд кардааст. Намоишгоҳи байналмилалии “Иннопром” дар Екатеринбург аз соли 2010 инҷониб ҳамасола баргузор мешавад ва ба калонтарин платформаи муттаҳидсозандаи истеҳсолкунандагони маҳсулоти саноатӣ мубаддал гаштааст. Дар он ҳазорон нафар мутахассисони соҳаи саноат ва технология, инчунин намояндагони доираҳои экспертии даҳҳо мамолики ҷаҳон ҷамъ омадаанд.

Ёдовар мешавем, ки 24 майи соли ҷорӣ ҳайати вилояти Свердловски Россия таҳти роҳбарии вазири робитаҳои иқтисодии хориҷии ин вилоят Вячеслав Ярин дар ҳошияи форуми байналмилалии содиротии «Бохтарфуд-2022» бо раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дидору мулоқот ороста, роҳбарияти вилояти Хатлонро барои иштирок ба намоишгоҳи байналмилалии саноатии «Иннопром» даъват карда буд. В. Ярин зикр карда буд, ки ҳукумат ва соҳибкорони вилояти аз ҷиҳати саноатӣ пешрафтаи Свердловск ба баррасии мушаххаси ҳамкории мутақобилан судманди байниминтақавии Россия ва Тоҷикистон алоқаманд мебошанд. Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода таҳкиму тавсеаи робитаҳои тиҷоратӣ бо минтақаҳои Федератсияи Россияро яке аз афзалиятҳои фаъолияти байналмилалии иқтисодии вилояти Хатлон арзёбӣ намуданд.

Дар айни замон Созишнома ва ёддоштҳои тафоҳуми имзошуда миёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ҳукуматҳои Ҷумҳурии Бошқирдистон, кишвари Олтой, вилоятҳои Оренбург, Челябинск ва Ивановои Федератсияи Россия амал мекунанд. Қобили қайд аст, ки имрӯз вилояти Хатлон бо 38 кишвари дуру наздик робитаҳои тиҷоратию иқтисодиро ба роҳ мондааст.

Н. Маъмурзода, “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода