Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Рушди кишоварзӣ - омили таъмини амнияти озуқаворӣ


Рушди кишоварзӣ - омили таъмини амнияти озуқаворӣ



Барои дар амал татбиқ намудани супоришу ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар вохӯриашон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара оид ба вусъат додани кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ, зиёд намудани захираҳои хӯрока ва аз як замин ба даст овардани ду-се ҳосил дода буданд, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар мавзуи “Кишти зироатҳои кишоварзӣ – заминаи боэътимод дар ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат” дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки муовини якуми раиси вилоят Амонулло Салимзода, олимону мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, муовинони раисони шаҳру навоҳӣ, раисони ҷамоатҳо ва масъулини кишоварзии вилоят семинар-машварат гузаронида шуд.

Мақсад аз баргузории саминар-машварат пеш аз ҳама, вусъат додани соҳаи кишоварзӣ дар вилоят ва бо ин васила аз ҷанбаҳои муфиди самти хоҷагидорӣ огоҳ кардани кишоварзон мебошад. Ҳамчунин, дар ин маврид самараноку оқилона истифода намудани зиминҳои корами обӣ, заминҳои ёрирасони президентӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ дар вилоят, яке аз ҳадафҳои асосии давлат маҳсуб ёфта, дар амалӣ ва татбиқ намудани супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба рушди кишоварзӣ ҳиссаи бориз мегузорад. Сараввал, муовини якуми раиси вилоят, олимону мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, муовинони раисони шаҳру навоҳӣ, раисони ҷамоатҳо ва масъулини кишоварзии вилоят аз хоҷагии деҳқонии “Кӯҳи Сурх”-и ҷамоати деҳоти “Маданият” дидан карда, оид ба масъалаҳои пешбининамудаи семинари мазкур машварати илмӣ-амалӣ доир намуданд. Инчунин, иштирокчиёни семинар дар ин ҷамоат ба майдони кишти шолӣ ташриф оварданд. Воқеан, кишоварзони ноҳия дар парвариши шолӣ таҷрибаи калони кишоварзӣ дошта, ҳамасола аз киштҳои такрорӣ ҳосили фаровон ба даст меоранд. Дар хоҷагии “Тӯрахон Эсанқулов”-и ҷамоати болозикр бояд мувофиқи дурнамо дар майдони 85 гектар кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ гузаронида мешуд. Аз ҷумла, дар майдони 45 гектар кишти шолӣ, 30 гектар кишти макка ва 10 гектар кишти маккаи силос ба нақша гирифта шуда буд, ки аллакай ин дурнамо пурра амалӣ гардидааст.

Сипас, иштирокчиёни семинар, бо заминҳои наздиҳавлигӣ, заминҳои ёрирасони президентӣ ва хоҷагии деҳқонии аҳолии ҷамоати деҳоти “Золи Зар” аз наздик шиносоӣ пайдо намуда, ба фаъолияти пурсамари деҳқонон, заҳмату меҳнати софдилонаи сокинони ҷамоати деҳоти мазкур баҳои баланд доданд. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар ҷамоати деҳоти “Золи Зар”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, ба аҳолӣ 360 гектар заминҳои президентӣ дода шудааст, ки сокинон ҳамасола аз ин заминҳо самаранок истифода карда, барои рушди кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ, зироатҳои гуногуни кишоварзӣ кишт менамоянд. Умуман, мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки сокинони ҷамоати мазкур, ҳар як ваҷаб замини ҳосилхезро самаранок истифода намуда, ҳар сол то се маротиба ҳосил ба даст меоранд.

Баъдан, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки муовини якуми раиси вилояти Хатлон Амонулло Салимзода, олимону мутахассисони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ва дигар иштирокчиёни семинар ҷамъомад доир гардид. Дар ҷамъомад муовини якуми раиси вилоят қайд дошт, ки мақсади асосии баргузории семинар-машварат оид ба “Кишти зироатҳои кишоварзӣ – заминаи боэътимод дар ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат” ин, қабл аз ҳама, дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат оид ба оқилонаю самаранок истифода намудани ҳар як ваҷаб замини корам, вусъат бахшидани самти кишоварзии мамлакат, захира намудани хӯрока, ҳамчунин баланд бардоштани сатҳи амнияти озуқаворӣ ва таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти тару тозаи ватанӣ маҳсуб меёбад.

Дар ҷамъомад қайд гардид, ки имрӯз бояд деҳқонону хоҷагидорон ва умуман ҳар як оила тамоми имконияту шароити мусоиди фароҳамомадаро истифода намуда, дар таъмини амнияти озуқаворӣ ҳиссагузор бошанд. Умуман, мунтазам доир гардидани чунин семинар – машваратҳо барои рушди соҳаи кишоварзӣ, шиносоӣ пайдо намудан бо самти хоҷагидории минтақаҳо, муқоиса кардани ҳосили бадастомада нисбат ба дигар минтақаҳои кишвар ва дар оянда зиёд намудани ҳосили кишоварзӣ мусоидат намуда, дар ин замина барои деҳқонону кишоварзон ва умуман аҳолӣ таҷрибаи бою ғанӣ медиҳад.

Ҷасури ҚИЁМИДДИН, “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода