Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Дар вилоят 132 корхонаи саноатӣ сохта мешавад


Дар вилоят 132 корхонаи саноатӣ сохта мешавад



Рӯзи 28 июн дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷаласаи Шӯрои назди раиси вилоят оид ба рушди саноат доир гардид.

Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба татбиқи дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳои Пешвои миллат, ки зимни вохӯриашон бо фаъолони вилоят 24-уми феврали соли равон ва дар машварати кориашон дар ноҳияи Данғара 18-уми июн вобаста ба нишондиҳандаҳои рушди соҳаи саноати вилоят иброз дошта буданд, ҳамзамон раванди баистифодадиҳии корхонаҳои саноатӣ дар заминаи нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии вилоят дар давраи нимсолаи аввали соли равон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд. Дар Шӯрои назди раиси вилояти Хатлон оид ба рушди саноат раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода, муовинони раиси вилоят, аъзои Шӯро ва раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд.

Аз рӯйи масъалаи якуми Шӯро муовини раиси вилояти Хатлон Заробиддин Файзуллозода ҳисобот дода, аз ҷумла қайд кард, ки бо мақсади дар амал татбиқ намудани ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар, барномаи саноатикунонӣ барои солҳои 2020-2025 ва дар асоси ин барномаҳои рушди саноати сабук, мошинсозӣ, хӯрокворӣ, металҳои ранга қабул гардидааст. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ин самт кор бурда, ҷиҳати рушди саноат тадбирҳои заруриро амалӣ месозад. Қобили зикр аст, ки ҳамасола барои рушди иқтисодиёти вилоят дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои се соли оянда қарорҳои дахлдор қабул мегардад, ки он дурнамои ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ, ҳаҷми умумии гардиши савдои дохилӣ дар ҳама соҳаҳо, ҳаҷми умумии гардиши савдои хориҷиро дар бар мегирад.

Тибқи ин ҳуҷҷат, дар соли 2022 ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар вилоят 11 миллиарду 87 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Таҳлилҳо ва маводҳои пешниҳодгардида нишон медиҳанд, ки то ҳол дар баъзе шаҳру ноҳияҳо таҳияи дурнамо ва вазъи воқеии соҳаи саноат аз назари мутахассисон дур мондааст. Таъкид гардид, ки масъалаи дар сатҳи 120 фоиз таъмин намудани рушди соҳаи саноат бояд ҷиддӣ гирифта шавад.

Аз таҳлилҳо бармеояд, ки иҷрои ин дурнамо дар панҷ моҳи аввали соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳо аз 102,7 то 116,9 фоиз ва дар ноҳияҳои Муъминобод – 96,7 фоиз, Балҷувон – 84,5 фоиз ва ноҳияи Носири Хусрав 79,6 фоиз таъмин гардидааст. Оид ба иҷрои нақшаи корхонаҳои саноатии сохташаванда қайд гардид, ки дар соли равон 132 адад ва дар шаш моҳи соли ҷорӣ 56 адад коргоҳу корхонаҳои саноатӣ бояд сохта ба истифода дода шавад. Мувофиқи маълумот нақшаи шашмоҳа дар шаҳру ноҳиҳои Дӯстӣ, Ҷайҳун, Муъминобод, Восеъ – 100 фоиз, Данғара – 133 фоиз, ноҳияи Ҷ. Балхӣ ва шаҳри Норак 200 фоиз иҷро гардидааст.

- Саноатчиёни вилоятро зарур аст, ки иҷрои саривақтии дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллатро дар самти рушди соҳаи саноат сари вақт таъмин намуда, дар рушду нумӯи вилоят ва ҷумҳурӣ саҳмгузор бошанд, - таъкид намуданд раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода. Ҳамчунин дар ҷаласаи Шӯрои вилоятии рушди саноат муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ баромад намуда, вобаста ба раванди таъминоти хонандагон либоси мактабӣ барои соли таҳсили 2022-2023 гузориш дод.

Қайд гардид, ки нақшаи шартномабандӣ ва таъмини хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят бо либоси ягонаи мактабӣ аз тарафи соҳибкорони ватанӣ, барои иҷро ба роҳбарӣ гирифта шудааст. Нақшаи таъмини хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят бо либоси мактабӣ аз рӯи панҷ номгӯй ба миқдори 1 миллиону 831 ҳазору 21 дона пешниҳод гардидааст. Қобили зикр аст, ки дар соли таҳсили 2021-2022 дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят 817 ҳазору 23 хонанда таҳсил менамояд.

Тибқи нақша, бояд 50 фисади муҳассилин бо либоси ягонаи мактабии дӯхти корхонаву коргоҳҳои истеҳсоли ватанӣ таъмин карда шаванд. Зикр ёфт, ки аз давраи шартномабандӣ то имрӯз дар шуъбаҳои маориф ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳо иҷрои нақшаи дӯхти либоси мактабӣ, аз ҷумла дар шаҳри Норак – 57 фоиз, Дӯстӣ – 49%, Данғара – 44%, А. Ҷомӣ – 42%, Н.Хусрав – 55%, Шаҳритус – 40%, Вахш 39%, Панҷ – 31%, Восеъ – 33%, Ш. Шоҳин – 23% ва Хуросон – 18 фоиз таъмин гардида, нишондоди болозикр аз сатҳи миёнаи вилоят баланд аст.

Раиси вилоят таъкид намуданд, ки бояд ҷиҳати таъмини иҷрои дурнамо бо фароҳам овардани шароити муносиб, яъне пешниҳоди маҳсулоти босифат ва ба талаботи имрӯза ҷавобгӯи либоси мактабӣ аз ҷониби корхона ва коргоҳҳои саноатӣ тадбирандешӣ карда, ба ин васила дар рушди соҳаи саноат ва истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ саҳми муносиб бояд гузошт. Ҳамчунин, дар ҷаласа сардорони Раёсати андози вилоят, Сарраёсати омори вилоят ва дигар аъзои Шӯро ҷиҳати дастгирии лоиҳаҳо, дастгирии соҳибкорон, ҷалби сармоя барои бунёди корхонаю коргоҳҳои саноатӣ табодули андеша карданд.

Бояд гуфт, ки дар доираи «Солҳои рушди саноат» эълон гардидани панҷсолаи оянда, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар соли 2022 бунёди 132 коргоҳу корхонаҳои нави саноатӣ бо назардошти таъсиси 3 ҳазору 913 ҷойи корӣ пешбинӣ шуда, дар давоми панҷ моҳи соли равон 50 корхона ифтитоҳ ёфт. Дар Шӯрои рушди саноати назди раиси вилоят раисони шаҳру ноҳияҳо вобаста ба дастгирии фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва татбиқи шартномаҳои ба имзорасида оид ба рушди саноат дар сатҳи 120 фоиз гузоришҳо доданд.

Дар охир раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода таъкид доштанд, ки вобаста ба масъалаҳои ҳалталаби соҳаи саноати вилоят ва шаҳру ноҳияҳо бояд тадбирҳои иловагӣ ва амалӣ андешида шаванд. Масъулини шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки дар риояи муҳлати баистифодадиҳии корхонаҳо ва дар равзанаи ягона ба қайди давлатӣ гирифтани онҳо фаъол бошанд.

Баҳром МИРОВ

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода