Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Ёрии ҳуқуқӣ ба қишрҳои осебпазир яке аз афзалиятҳои сиёсати ҳуқуқии давлат аст


Ёрии ҳуқуқӣ ба қишрҳои осебпазир яке аз афзалиятҳои сиёсати ҳуқуқии давлат аст




Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷаласаи корӣ ҷиҳати муҳокимаи самтҳои ҳамкорӣ оид ба таъмини ёрии ҳуқуқӣ ба сокинон баргузор гардида, дар он ҳуқуқшиносони Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ»-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарияти шаҳру ноҳияҳо ва мақомоти давлатии дахлдори вилояти Хатлон муаррифӣ карда шуданд.

Дар кори ҷаласа раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашӯриён ва дигар масъулон иштирок намуданд.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода дар баромади худ иброз доштанд, ки мақсад аз даъвати ин ҷаласа таҳким бахшидан ба фаъолияти ҳуқуқшиносони Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ»-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати беҳтар ба роҳ мондани ёрии ҳуқуқӣ ба сокинон мебошад. Расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба қишрҳои осебпазири ҷомеа яке аз афзалиятҳои сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Вазири адлия Музаффар Ашӯриён қайд кард, ки аз соли 2016 инҷониб Вазорати адлия якҷо бо шарикони рушд дар доираи Лоиҳаи “Волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолат” расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба қишрҳои осебпазири ҷомеаро амалӣ карда истодааст. Барои амалисозии Консепсия Муассисаи давлатии “Маркази ёрии ҳуқуқӣ”-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Зикр гардид, ки мақсади фаъолияти Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ»-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккул додани асосҳо барои инкишоф ва мукаммалгардонии минбаъдаи низоми давлатии ёрии ҳуқуқии дастрас ва ихтисоснок барои аҳолӣ мебошад.

Дар ҳудуди вилояти Хатлон дар доираи иҷрои барнома то имрӯз дар маҷмуъ 10 маркази ёрии ҳуқуқӣ таъсис ёфтааст, ки ба аҳолӣ ва корафтодагон хизматрасонӣ менамояд.

Уҳдадориҳои марказҳои ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ бо роҳҳои пешниҳоди маълумоти ҳуқуқӣ, гузаронидани ҷаласаҳои иттилоотию ҳуқуқии сайёр ва маслиҳату фаҳмондадиҳӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши мавзӯии аҳолӣ, тартиб додани ариза, шикоят ва дигар ҳуҷҷатҳои дорои хусусияти ҳуқуқӣ, иттилоъ додан оид ба имкони ҳалли тосудии баҳсҳои ҳуқуқӣ, фиристодани муроҷиаткунанда ба муассисаҳои дахлдори давлатию ҷамъиятӣ, паҳн кардани маълумоти ҳуқуқӣ тавассути ёрдамчиёни ҷамъиятӣ дар доираи ваколатҳои пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда мешавад.

Дар ҷаласа ҳуқуқшиносони таъингардида дар даҳ ноҳияи вилоят ба ҳозирин муаррифӣ гардида, аз мақомотҳои маҳаллӣ даъват шуд, ки барои амалигардии раванди расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон бо ҳуқуқшиносони марказҳои ёрии ҳуқуқии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории зич ба роҳ монанд.

http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода