Ваҳдат мароми мост
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 25 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 877
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба муносибати 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд. Муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ ҳамоишро ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба ҷашни 25-умин солгарди Ваҳдати миллӣ табрику муборакбод гуфт ва Ваҳдати миллиро беҳтарин падидаи таърихӣ дар кишвари сохибистиқлоламон арзёбӣ намуд.
- Таҷрибаи сулҳи тоҷикон ва модели ҷаҳонии он маҳз аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гузошта шуда, он имрӯз муаррифгари воқеии тавону азамат ва қудрати фарҳангиву ахлоқӣ ва зеҳниву тамаддунии миллати тоҷик дар саросари ҷаҳон дар шароити назми навини ҷаҳонӣ маҳсуб мегардад.
Дар кори Конференсия муовини раиси Ҳизби халқи Демократии Тоҷикистон Хайриннисо Юсуфӣ ширкат намуда, оид ба саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳу оштии миллӣ, баргардонидани гурезаҳои иҷборӣ ба Ватан маърӯзаи хотирмон намуд.
- Обрӯю эътибори баланди муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Арбоби барҷастаи сиёсию давлатӣ на танҳо дар миёни халқи Тоҷикистон раднопазир аст, - қайд намуд Х. Юсуфӣ, - балки ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳам Роҳбари давлати моро ҳамчун чеҳраи намоёни арсаи сиёсат, сиёсатмадори номдору неруманд, бунёдгузор ва кафили сулҳу салоҳ дар минтақа шинохтаву эътироф ва арҷгузорӣ мекунад.
Баромадкунандагон Насиба Назарова, собиқадори меҳнат Тӯтиниссо Назарова, Зебунисо Саидова, Садаф Бердиева ва донишҷӯ Гесу Сафарзода аз сулҳу осоиштагии кишвар сухан гуфтанд.
Иштирокчиёни конференсия таъкид намуданд, ки воқеан ҳам Ваҳдати миллӣ ва таҷрибаи сулҳофаринии тоҷикон аз ҷумлаи сабақҳои басо арзишмандест, ки ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ мавриди қабулу омӯзиш қарор гирифт. Ваҳдати миллӣ дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик бозёфти арзишмандтарин мебошад, зеро он барои амалӣ гардидани ормонҳои халқамон, ки бо қалби пур аз умед интизори сулҳу оромӣ ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ буданд, заминаи воқеӣ гузошт.
Ҳангомаи ИСМАТ, “Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
6-04-2022, 12:41
«Дар маҷмӯъ, мафҳум ва тафаккури дунявӣ дар фарҳанги мо бо дарки илмии истилоҳоти «миллат»,...