Мактаби сиёсии Пешвои миллат мактаби миллии давлатдорӣ, таъмини Ваҳдат ва суботи комили ҷомеаи Тоҷикистон аст
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 24 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Ҳаёти иҷтимоӣ / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 777
24 июн дар Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар Конференсияи байналмилалии илмӣамалии «Мактаби сиёсии Пешвои миллат» баргузор гардид.
Дар ин ҳамоиш, ки бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба ифтихори 25-солагии Ваҳдати миллӣ роҳандозӣ гардидааст, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, муовини якуми раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ, ёрдамчии Президенти мамлакат оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода ва олимону муҳаққиқон, ходимони давлатию ҷамъиятӣ иштирок карданд.
Раиси вилояти Хатлон, узви раёсати КИМ ҲХДТ Қурбон Ҳакимзода зимни суханронии худ қайд карданд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи фаъолияташ собит сохт, ки метавонад ҷомеаро атрофи ғояҳои созандагиву бунёдкорӣ муттаҳид намуда, бо амалӣ гардонидани барномаҳои мушаххас халқи тоҷикро ба пеш, ба сӯи қуллаи мурод муваффақона раҳнамоӣ намояд.
- Як нуктаи дигарро ёдовар мешавам, ки воқеан ҳам баёнгари мардумнавозӣ ва ихлосу маҳбубияти Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар байни халқ мебошад, - идома доданд раиси вилоят. - Тайи ин муддат дар мушкилтарин ҳолатҳо ба дурдасттарин нуқоти кишвар сафар карда, бо вазъи зиндагии мардум бевосита шинос мешаванд. Аз забони мардуми манотиқи дурдасти кӯҳистон шунидаем, мегуфтанд, ки дар 70 соли замони Шӯравӣ ягон роҳбари аввали ҷумҳурӣ боре ҳам ба назди онҳо наомада буданд. Пешвои муаззами миллат Тоҷикистонро ба хонаи умеди тоҷикони тамоми дунё табдил дод. Қурбон Ҳакимзода ҳамчунин зикр карданд, ки Ваҳдат падидаи созандаест, ки маҳсули тафаккур ва ақлу хиради инсонӣ буда, инъикосгари пирӯзии рушноӣ бар зулмот, некӣ бар бадӣ ва мушахассан, пирўзии ақл бар ҳиссиёт мебошад. Инро дар мисоли сулҳу оштии миллӣ дида метавонем, ки дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун дастоварди нодир эътироф гардида, мавриди омӯзиши ниҳодҳои байналмилалӣ қарор дорад.
Мо дар арафаи таҷлили 25-умин солгарди муборактарин ҷашн - Рӯзи Ваҳдати миллӣ қарор дорем.
Ба таъкиди Пешвои муаззами миллат, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ва Эъломияи истиқлолияти давлатӣ аз нигоҳи аҳамияти таърихии худ дар як поя қарор доранд. Агар яке соҳибихтиёрии давлати моро ба ҷаҳониён эълом дошта бошад, дигар сулҳу суботро дар ҷомеаи Тоҷикистон таъмин кардааст. Бинобар ин, ба қадри ин ду санади тақдирсоз бояд расем ва нисбати онҳо арҷ гузорем.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода дар идомаи суханронӣ гуфтанд, ки мактаби сиёсии Пешвои миллат мактаби миллии давлатдорӣ, таъмини Ваҳдат ва суботи комили ҷомеаи Тоҷикистон, бунёди зерсохторҳои ваҳдати миллӣ, узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидани Тоҷикистон, эҳё ва меросбарӣ аз арзишҳои фарҳангиву таърихии миллат ва дигар дастовардҳо низ аз муҳимтарин комёбиҳое мебошанд, ки бо азму талош ва ҷоннисориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд.
Муовини якуми раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ дар мавзуи "Зарурат ва моҳияти таъсиси Маркази илмию тадқиқотии "Мактаби сиёсии Пешвои миллат" маърӯза кард.
Ба андешаи А. Азизӣ, заминаҳои ташаккул ва инкишофи фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сарвари сиёсии сатҳи умумидавлатӣ ва умумимиллӣ қатъ намудани ҷанги шаҳрвандӣ, барқарор намудани сохти конститутсионӣ, баргардонидани гурезагон, таъмини заминаҳои мухталифи фаъолияти давлат ва ҷомеа ба ҳисоб мераванд.
Эмомалӣ Насриддинзода, ёрдамчии Президенти мамлакат оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, зимни ироаи маърӯзаи худ қайд кард, ки сулҳу ваҳдати миллӣ барои халқи тоҷик ба сифати неъмати бебаҳои наслҳои имрӯз ва оянда пазируфта шуда, дар ин бобат асолати таърихиро нисбат ба заҳмату талошҳои бесобиқаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳеҷ гоҳ набояд фаромӯш сохт. Зеро пос доштани марҳилаҳои муҳим ва тақдирсози миллату давлати тоҷик ва шахсиятҳои таърихиву ватанпарвари он худ посдории гузашта, имрӯз ва фардои давлатро ифода менамояд.
- Қобили зикр аст, ки консепсияи сулҳофарӣ ва ба даст овардани ваҳдати миллии тоҷикон бо сарварии бевоситаи фарзанди фарзонаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои аҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ ба сифати намунаи нобиғавии сулҳпарварӣ ва давлатсолорӣ пазироӣ гардидааст. Албатта ба ин натиҷаҳо расидани халқи тоҷик бо заҳмату меҳнати шабонрӯзии Пешвои муаззами миллат ва дастгирии ҳамаҷонибаи ин сиёсати хирадмандона рӯйи кор омадааст, - афзуд Э. Насриддинзода.
Аҳамияти мактабу таҷрибаи зикршуда то ҷоест, ки дастовардҳои даҳсолаи Истиқлолро ҷамъбаст намоем, яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо ҳамчун давлат ва миллат маҳз ҳамин ташаккули мактаби давлатдории муосири миллӣ мебошад.
Баргузории Конференсияи мазкур давоми мантиқии силсилаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни шукуҳманди Рӯзи Ваҳдати миллӣ мебошад. Конференсия аз ҷиҳати мазмуну интихоби мавзуъ ниҳоят муҳиму арзишманд буда, таҳқиқу омӯзиши паҳлуҳои он барои аҳли илм, хизматчиёни давлатӣ ва кормандони ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ қобили мулоҳиза ба ҳисоб меравад.
Коференсияи мазкур дар чаҳор бахш: "Сиёсатшиносӣ ва идоракунӣ", "Иқтисодиёт ва энергетика", "Ҳуқуқ, амнияти миллӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ" ва "Кишоварзӣ ва саноатикунонӣ" идома карда, дар он беш аз 70 нафар донишмандон, муҳаққиқон ва собиқадорони хизмати давлатӣ маърӯза хонданд.
Носирҷон МАЪМУРЗОДА, “Хатлон”