60%-и маҳсулоти кишоварзии мамлакат дар вилояти Хатлон истеҳсол мешавад
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 23 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Арсаи кишоварзӣ / Хабарҳо, Боздид 866
Вилояти Хатлон қариб 60 фоизи талаботи бозори Тоҷикистонро бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ таъмин менамояд.
Алишер Дадобоев, сардори Раёсати рушди иқтисод ва савдои вилоят, зимни тасдиқи ин хабар ба рӯзномаи “Хатлон” гуфт, ки 63 фоизи истеҳсоли ғалла, 68 фоизи пахта, 60 фоизи сабзавот, 78 фоизи зироатҳои полезӣ, 57 фоизи истеҳсоли гӯшт, 51 фоизи истеҳсоли шир, 41 фоизи маҳсулоти саноатӣ, аз ҷумла 90 фоизи неруи барқи ҷумҳурӣ дар вилояти Хатлон истеҳсол мегардад.
“Дар тамоми бахшҳои хоҷагии халқи вилоят ҳар сол беш аз 270 ҳазор тонна нахи пахта, зиёда аз 2,5 миллион тонна маҳсулоти полезӣ, меваю сабзавот, ангур ва беш аз 1 миллион дона пӯсти чорвои хурду калони шохдор ва 6 ҳазор тонна пашм истеҳсол карда мешавад. Ин дар ҳолест, ки дар зарфи соли равон кишоварзони вилояти Хатлон ба хориҷи мамлакат 12129,4 тонна маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла 1310,2 тонна тавассути нақлиёт, тайёра, 3819,2 тонна тавассути роҳи оҳан ба хориҷи кишвар, асосан ба Русия Беларус, Афғонистон, Узбекистон, Туркия, Қазоқистон ва Покистон содирот кардаанд”, - афзуд манбаъ.
Бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи истеҳсоли маҳсулоти кишвоарзӣ, истифодаи самаранок ва оқилонаи ҳар ваҷаб қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва дар маҷмӯъ, таъмин фаровонии бозори истеъмолии дохилӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ ва озуқаворӣ, ки яке аз чор ҳадафи стратегии Ҳукумати мамлакат мебошад, дар вилояти Хатлон гурӯҳи корӣ ташкил гардидааст, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботиро ҷиҳати истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб замин ба сокинон ба роҳ мондааст.
http://khatlon-ruznoma.tj/