Маҷлиси вакилон масъалаи ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занонро баррасӣ менамояд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 22 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 656
23 июни соли 2022 таҳти раёсати раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода Иҷлосияи Маҷлиси халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум баргузор мегардад, ки яке аз масъалаҳои дар он баррасишаванда ин иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 16 майи соли 2017 «Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022» дар шаҳру ноҳияҳои вилоят мебошад.
Қобили зикр аст, ки теъдоди занони сарвар дар вилояти Хатлон сол то сол зиёд гардида, айни замон 9 ҳазору 833 нафар дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият мекунанд.
Дар баробар ин, 6 бонуи хатлонӣ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 24 зан (34,7%) вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, 343 нафар (36,4%) вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо ва 1037 зани хатлонӣ вакили маҷлисҳои вакилони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот мебошанд.
Тавре ба рӯзномаи «Хатлон» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд, дар иҷлосияи мазкур ҳамчунин ҳисоботи сардори Раёсати тандурустии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят оид ба ҷараёни иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 22 апрели соли 2021 «Дар бораи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 марти соли 2021 «Дар бораи гузаронидани иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳру ноҳияҳои вилоят», ҳисоботи раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон оид ба масъалаҳои буҷет, савдо, нарх, хизматрасонӣ, меҳнат ва сиёсати иқтисодӣ шунида мешаванд.
Тибқи иттилои расмӣ, то 20 июн дар ҳудуди вилояти Хатлон дар асоси нақшаи пешбинишуда беш аз 1,8 миллион нафар (98,6%) сокинони вилоят ба ваксинатсия зидди бемории коронавируси COVID-19 фаро гирифта шудаанд.
Дар иҷлосия ҳамчунин дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасии вакилон қарор мегиранд.
Н. Маъмурзода, “Хатлон”