ТУҲФАҲОИ РАИСИ ВИЛОЯТ БА ЧАМАНГУЛ БОЙМУРОДОВА
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 16 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз, Боздид 1 152
11 январи соли 2021 барои Чамангул Боймуродова модари танҳо ва писари 5-солааш рӯзи фаромӯшнашаванда буд. Ин зани танҳо, ки дар таҳхонаи яке аз биноҳои баландошёнаи маҳаллаи ба номи Умари Хаёми шаҳри Бохтар иқомат мекард, чандин маротиба ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр муроҷиат намуда буд. Вале ба додаш касе нарасид. Хушбахтона, бо иқдоми неки раиси вилояти Хатлон, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода ин модари танҳо соҳиби манзили иқоматӣ гардид. Оид ба вазъи ногувору мушкилоти Чамангул Боймуродова дар расонаҳо низ мавод нашр гардида буд.
Дар асоси дастуру ҳидоятҳои инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки пайваста таъкид месозанд дасти кумак ба ниёзмандон, ятимон вазифаи ҷонии ҳар як масъул, роҳбар, шахсони баору номуси ватандор мебошад. Инак, ба мушкилоти ин зани танҳо расидагӣ намуданд.
Бинобар сабаби набудани манзили иқоматӣ Чамангул Боймуродова тавре, ки дар боло зикр намудем, ҳамроҳи писари хурдсолаш дар таҳхонаи яке аз биноҳои баланошёна иқомат мекард, ин иқдоми неки раиси вилояти Хатлон ва шахсони некандешу соҳибкорони саховатпеша вазъи рӯзгори ин модари танҳо рӯ ба беҳӣ ниҳод. Ӯ бо манзили зист бо сару либос, ашёву анҷоми рӯзгор ва маводҳои ғизоӣ таъмин гардид. Инак, Чамангул Боймуродова аз хобгоҳи КФО «Таъмиру истифодабарии иншоотҳои манзилии шаҳри Бохтар», воқеъ дар кӯчаи Ваҳдат соҳиби хона манзили иқоматӣ гардид.
Шаҳрдории Бохтар ҷиҳати таъмини оби нӯшокӣ ва дигар заруриёти маишӣ ба модари танҳо кумаки хешро расонид. Айни замон Чамангул Боймуродова, дар муассисаи таълимии томактабии №7 ба ҷойи кори доимӣ фаро гирифта шудааст ва писараш дар ҳамин муассиса таълиму тарбия меёбад.
Хушҳолии Чамангулро ҳадду канор нест ва ӯ ба Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуда, шукргузорӣ дорад.
Дар воқеъ, тавре ки Чамангул иброз дошт, боварӣ надошт, ки як замоне ин ҳама азобу сарсониҳояш ба поён мерасанд. Ва соли 2021 дар хотираш нақши неку саодати рӯзгорашро гузошт. Аз ин рӯ, таъкид дошт, ки то охирин лаҳзаҳои умраш амсоли Президенти мамлакат, баҳри ободиву шукуфоии ватани азиз кӯшиш ба харҷ медиҳад ва фарзандашро низ дар рӯҳияи ватандӯстӣ, дарки ҳувияти миллӣ ва хештаншиносӣ тарбият менамояд, то ӯ дар оянда ҳамчун як фарди соҳибватан ба камол бирасад.
А. САФАРЗОДА,
“Хатлон”
-
17-01-2021, 09:05