Соли вусъати корҳои ободониву созандагӣ
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
24 май, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон мулоқоти раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода бо ҳайати меҳмонон аз вилояти Свердловски Федератсияи Россия таҳти роҳбарии вазири робитаҳои иқтисодии хориҷии ин вилоят Вячеслав Ярин баргузор гардид. Ин дидору гуфтугӯ дар ҳошияи Форуми байналмилалии содиротии «Бохтарфуд-2022» сурат гирифт.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ҳайати меҳмононро ба вилояти Хатлон хайрамақдам гуфта, онҳоро бо зарфиятҳои иқтисодиву тиҷоратии вилоят шинос кард. Аз ҷумла қайд гардид, ки таҳкиму тавсеаи робитаҳои тиҷоратӣ бо минтақаҳои Федератсияи Россия яке аз афзалиятҳои фаъолияти байналмилалии иқтисодии вилояти Хатлон маҳсуб гардида, мо алоқаманди роҳандозии ҳамкории дарозмуддат ва пурмаҳсули байни минтақаҳо мебошем.
Дар айни замон Созишнома ва ёддоштҳои тафоҳуми имзошуда миёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ҳукуматҳои Ҷумҳурии Бошқирдистон, кишвари Олтой, вилоятҳои Оренбург, Челябинск ва Ивановои Федератсияи Россия амал мекунанд. Дар баробари ин, лоиҳаи созишномаи ҳамкорӣ миёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ҳукуматҳои вилоятҳои Астрахан ва Омск барои тасвиб омода буда, лоиҳаи созишномаҳо миёни вилояти Хатлон ва вилоятҳои Самара ва Иркутск дар марҳилаи баррасии ҷонибҳо қарор дорад. Раиси вилоят зикр кард, ки имрӯз вилояти Хатлон бо 38 кишвари дуру наздик робитаҳои тиҷоратию иқтисодиро ба роҳ монда, ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилоят дар соли 2021 ба беш аз 562 миллион доллари амрикоӣ баробар шуд.
- Қобили қайд аст, ки соли 2021, сарфи назар аз мушкилоти марбут ба пандемияи COVID-19, гардиши молу маҳсулот миёни вилояти Хатлон ва Федератсияи Россия 54,4 миллион долларро ташкил дод, ки аз он 28,2 миллионаш содирот ва 26,2 миллион доллараш воридот мебошад, - афзуд Қурбон Ҳакимзода. - Ин нишондиҳанда назар ба соли 2020 ба андозаи 11,2 миллион доллар ё 26 фоиз бештар аст. Вазири робитаҳои иқтисодии хориҷии вилояти Свердловск Вячеслав Ярин бо арзи хушнудӣ аз меҳмоннавозии хоси тоҷикона, изҳори итминон кард, ки Форуми байналмилалии тиҷоратӣ ва Намоишгоҳи “Бохтарфуд-2022” барои вусъат бахшидани ҳамкориҳо байни доираҳои соҳибкорӣ ва рушди содироти молу маҳсулоти вилояти Хатлон мусоидат мекунад. Вячеслав Ярин зикр кард, ки ҳукумат ва соҳибкорони вилояти аз ҷиҳати саноатӣ пешрафтаи Свердловск, ба баррасии мушаххаси ҳамкории мутақобилан судманди байниминтақавии Россия ва Тоҷикистон алоқаманд мебошанд.
Ин мавзуъ зимни вохӯрии роҳбарияти вилояти Свердловск ва намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 6 апрели соли ҷорӣ низ таъкид шуда буд. Ба қавли ҷаноби Ярин, ба ниҳодҳои дахлдори вилояти Хатлон рӯйхати нишониҳои тамоси шабакаҳои тиҷоратии вилояти Свердловск пешниҳод гардид, ки омодаи ҳамкорӣ бо соҳибкорони вилояти Хатлон мебошанд.
- Свердловск метавонад дар самти технологияҳои рақамӣ, тандурустӣ, истеҳсоли маҳсулоти нонию қаннодӣ, таҷҳизоти барқӣ, тавлиди маҳсулоти саноатӣ, донишандӯзии ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои ин вилоят бо вилояти Хатлон ҳамкорӣ кунад, - зикр намуд намояндаи ҳайати меҳмонон ва афзуд, ки дар соли таҳсили гузашта шумораи донишҷӯёни тоҷик дар мактабҳои олии ин вилоят ба 336 нафар мерасид. Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода қайд намуд, ки самтҳои ҳамкории мутақобилан судманд миёни ин ду минтақаи Тоҷикистону Россия бисёранд.
Аз ҷумла дар вилояти Хатлон маҳсулоти кишоварзии аз лиҳози экологӣ тоза (помидор, бодиринг, карам, зардолу, олу) парвариш меёбад, ки мо метавонем ба минтақаҳои мухталифи Федератсияи Россия содирот намоем. Ҳамзамон бунёди корхонаҳои муштарак оид ба коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва содироти ин маводи коркардшуда ба Россия манфиати иқтисодӣ дорад. Дар ин мулоқот инчунин дигар имкониятҳои иқтисодии вилояти Хатлон, аз ҷумла инфрасохтори лозимӣ барои содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар тариқи роҳи оҳан, нақлиёти боркашон ва ҳавоӣ, захираҳои калони табиӣ, нафт, газ, ангишт, гиёҳҳои шифобахш, муаррифӣ шуданд.
Роҳбари ҳайати намояндагони вилояти Свердловск Вячеслав Ярин ташкили Форуми байналмилалии содиротии “Бохтарфуд-2022”- ро имконияти хуб барои баррасии самтҳои мухталифи ҳамкорӣ миёни доираҳои тиҷоратӣ арзёбӣ намуд. Ҳамзамон вай роҳбарияти вилояти Хатлонро барои иштирок ба намоишгоҳи байналмилалии саноатии «ИННОПРОМ», ки тобистони имсол дар Екатеринбург доир мешавад, даъват кард.
Ёдовар мешавем, ки ҳадафи баргузории Форуми байналмилалии содиротии “Бохтарфуд-2022” тақвият бахшидани фаъолияти соҳибкорӣ, истифодаи самараноку оқилонаи захираҳои рушд, баланд бардоштани сатҳи ҳамкорию муомилот байни истеҳсолкунандагон, коркард ва содироткунандагони маҳсулоти кишоварзӣ ва дар ин замина мусоидат ба афзун намудани имконияту иқтидор, инчунин ҳаҷми содироти маҳсулот, бо ибтикор ва дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон унвон мешавад.
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.